Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 345 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 345 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Ту аввал аниқ кун, агар дузд ҳамин бошад, ман худам дасту пояшро мебурам! Ин хел писарро «оқ» мекунам!
— Ба ман гуфтанд, ки дузд писари ту, агар худам медидам, бо хунаш хамир мекардам.
— Кӣ гуфт ба ту?
— Ойша-кампир гуфт, ки шаб писари тўқумдўз ҳамин тараф гузашта буд.
— Баъди ин тўқумдўз барои Абдулло-селпою Ойша-кампир тўқум медўзад.
— Дўзӣ, дўхтан гир, лекин ман ин корро ҳамту намемонам.
Аз ин деҳа то ин замон дузд набаромадааст. Санг гиред, мардум, сангсор мекунем! – наъра кашида ба замин хам шуд Абдулло-селпо ва сангро гирифта қоматашро рост кард, ки ҳама чун ҳайратзадагон рост истодаанд ва касе барои санг хам нашуда. – Чӣ, дуздии ў ба шумо маъқул?! – боз фарёд зад ў.
— Ба милиса одам рафт, ку биёяд, чӣ мегўяд? – налогчини деҳа Малла, ки сумкаи чармини тасмадорашро ба гардан овехта буд, байни тўда даромад.
Сабо забон мегазид, лаб мехоид, ангушт мушт карда мефишурд.
Вай дид, ки писараки «гунаҳгор» дир-дир меларзад, ларзиши баданашро доштанӣ шуда рост меистод, вале боз меларзад. Дуртар аз ў падари қоматхамидааш кўзапушт меистод. Пирамард қоматро боло гирифтан мехоҳад, наметавонад.
Андаке давра ором шуд. Нигоҳҳо зиёд буданд, ҳама тамошобин, ки кай намоише сар мешуда бошад.
— Гард, меравем, – пирамард пеш омада ва ба китфи писараш даст монда гуфт.
— Ба ҳеҷ куҷо намеравад, – аз китфи чапи ў дошта гуфт Абдулло-селпо, – ё сангсор мешавад, ё милиса омада мебарад.
— Охир, ту дуздиашро доштӣ, ки сангсор мекунӣ?
— Надоштаам, лекин шоҳид ҳаст...
Сабо ба моҷарои онҳо нигарон нашуда, тозон ба хонаи кампири Ойша омаданӣ шуд ва ўро дар сари кўча дида нафасашро базўр боздошта пурсид:
— Момо, рост аст, ки он писарак хонаи Абдулло-селпоро задааст?
— Намедонам...
— Набошад, чаро ба Абдулло-селпо гуфтаед, ки ман дидам?
Пиразан ба сару рўй ва чашмони Сабо нигарон монд.
— Чаро ин хел гуфтед, момо? – тоқат накарда ва аз нигоҳи пиразан маъние нагирифта пурсид духтарак.
— Барои ту шуда...
Духтарак як қад парид. Ва зуд аз пиразан рў тофта то назди одамон тохт, то худаш сирро ошкор кунад... Дар назди тўдаи мардум аспи барои ў шинос – сиёҳмушкини гўши чапаш чок меистод.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан