Сабо дид, ки пиразан танҳост ва ў то алвақт паси дар бо худ гуфтугў мекардааст. Дилаш сахттар зад ва тапишаш якка шуд.
Ҳозир ё дилаш кафида меравад ва ё «ҳа-ҳа-ҳа» гуфта як нафаси дароз мегираду бо ҳамин ором мешавад. Ин хел нашуд, дилаш зад-заду ўро суст кард, сару танашро арақ фаро гирифт ва паси дар афтид.
— Сабо! – садои дарро тела дода афтидани духтаракро шунида, пиразан наздаш омад ва ўро беёд дида бардошт ва аз рўи дастархон оби дўлчаро гирифта ба сару рўяш пошида-пошида гуфт: «Ҳа, бадбахт, рав, гум шав, пушти кўҳи Қоф рав, рав, бадбахт, рав!»
Кампири Ойша ҳар касро, ки алас мекард, дар охир ба рўи ў об зада чунин гапҳояшро мегуфт ва ҳоло низ гумонаш, ки Сабо аз танҳоӣ тарсида ба ин аҳвол гирифтор шуд.
— Киро доштанд гуфтед, момо? – каме ба худ омада пурсид Сабо.
— Писари тўқумдўзро...
— Кӣ вай? Ман мешиносам? – худро ба нодонӣ зад Сабо.
— Не, ту ўро намешиносӣ... Абдулло-селпо ончунон зад, ки базўр бардошта ба хона бурданд.
— О! Наход?! – гуфт Сабо ва дилаш дард кард.
— Ба ту гуфтам-ку, вай ҷаббор аст. Аз авлоди Забур як ҳамин мондагӣ...
Сабо оҳиста бархост. Чашмони ў мисли чашмони модари аламзада, ки барои хуни фарзандаш сўи ҷаллоде дўхта мещуда бошанд, тангтар ва нимкоф шуданд. Қиёфаи ў ғазаболуд, дандонҳояш зиҳзада ва муштонаш гиреҳ буданд. Баъд ў якбора ҷўшида рафт:
— Момо, дуздии Ҳусенро кӣ дидааст?
— Тахмин кардаанд.
— Хаёли шумо ҳам, ки ў дуздидааст?
— Не, вай ин корро намекунад.
— Пас, чаро аз ў донистаанд?
— Зеро бенавотар аз онҳо дар ин деҳа касе нест.
Саборо арақ боз пахш кард. Арақе, ки баъзан беморон аз тан ҷудо карда беҳолу бемадор мешаванд.
12
Сабо ба нею нестони кампири Ойша нигоҳ накарда аз ҳавлии ў баромад. Дар санглохи доманаи деҳа одамон ҷамъ омада буданд.
Ва овози ду мард ҳамдигарро бурида яке аз дигаре боло мегирифт.
Духтарак тарсидаю ларзида ба тўдаи одамон наздик шуд. Овози шинос ба гўш расид.
— Барои чунин кор як замонҳо дасти дуздида ва пои бурдаро мебуриданд...





