Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 343 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 343 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Якравӣ накун... Ман баччаи Ҳотамро кўчонданӣ меравам, то омаданам, хоб кун, дам гир... – гуфта дарро пўшида рафт.
Пиразан аз дарвоза баромада ё набаромада дили духтаракро ваҳм пахш кард. Ба назараш равзанаи болои дар торик шуд. Гўё касе аз он ҷо менигарист. Духтарак худро ба канор кашид. Ў он қадар шабҳои танҳоӣ натарсида ва наҳаросида буд, вале аз ин хона тарсид. Гуфтаҳои одамонро ба хотир оварда, тарсид, ки ин пиразан «бечиз» нест. Ў, ки одамонро кинаю алас карда мегардад, гумон мекунад, ки ҳама вақт деву париҳо бо ўст.
Пиразан дер омад, дар ин миён кўча як ғалоғула шуда рафт.
Духтарак тахмин кард, ки ё гурезаи ҷангро доштанд ва ё касеро дузд пиндошта дастгир карданд. Ў бори дигар дари хонаро сахт кашид. Кушода нашуд. Зўр зад, ки турми дарро барорад. Зўраш нарасид. Пас пушт бар дар такя гузошту нишаст. Аввал бо як ҳарос ва хоҳиши зиёде дарро кушодан мехост, вале акнун дарро дорад, ки касе накушояд, аввал аз ҷину аҷина метарсид, акнун аз Абдулло-селпо тарсад... Ў аз карда пушаймон. «Наход аз барои ман дигареро азоб диҳанд?» Чунин суол кард ў ва якбора бархоста ба дар часпид. «Кушо! Хола, кушо! Момо, кушо!» Дарро кўфт духтар ва боз хаёлаш ба куҷое рафт, ки мушти ба дар задааш, гўё ки мисли равғани думба об мешуда бошад, дарро соида паст фуромад: «Маро ин ҷо қава кард, ки Абдулло-селпоро рафта биёрад? Наход, ки... Не, ў момои ман. Азоби ман – азоби ўст...
Боз кӣ медонад, одам-дия!..»
Беруни дар ғур-ғури гап баромад. Сабо хаёл кард, ки чанд кас рўи ҳавлӣ ҳастанду баҳсе доранд: «Оҳ, ин пири ҷалоҷин касеро ёфта омад», аз дил гузаронд ў ва баъд бо диққат гўш дод.
«Одами бадро ҷазо ин аст... Дуздӣ мекунад, ҷавобашро диҳад...»
шунида шуд.
Дили духтарак сахт-сахт тапид. Пушт ба девори паҳлўдарӣ такя дода лабҳо ба ҳам ҷафс карда тапиши дилашро боздоштанӣ шуд.
«Ман туро нагуфтаам, ки дуздӣ кун... Хуб шавад, батар шавад...
Як бор ҷастӣ, малахак, ду бор ҷастӣ, малахак, охир ба дастӣ, малахак».
Саҳл монд, ки духтарак фарёд занад. Лаб газид, забон газид, нохун хоид, то ҳаяҷонашро фурў нишонад. Ў ба дар наздик омадани пиразан ва ба қуфл калид андохтани ўро пай бурд. Ва гумон кард, ки баробари тоб додани калид, дилаш мисли минаҳои зери роҳи оҳан метарканд: «Ана ҷангу мана ҷанг... Инак ба даст афтодам...»
Дарро тела дода кушодани пиразан хаёли ўро бурид. Ў паси дар пинҳон шуд.
— Куҷоӣ ту, Сабо?! – чашмаш дар хонаи торик ба чизе нагузашта фармуд ў. – Канӣ ту?!

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан