Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 342 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 342 аз 470 · 3 ноябри 2026

Ба назараш, ки курта андаке нав, вале поҷомааш кўҳна метобад, аммо дар бораи пои бараҳнааш хаёл ҳам намекунад. Ба пояш сангчаҳо мехаланд, шоху чўбчаҳо онро мехарошанд, нўги панҷаҳо ба сангу кўрсангҳо бархўрда озори зиёде медиҳанд, лекин духтараки бебоку бепарво ба ҳеҷ кадоме аҳамият намедиҳад, гўё пояш аз фўлод бошад. «Куҷо равам? Ба ҳавлӣ? Яке Абдулло-селпо бўй бурда омада истода бошад?» аз дил гузаронд ў ва сўи осиёб нигоҳ карда ларзону ҳаросон рафтан гирифт, то Лалм, назди хирманкўбон барояд.
— Куҷо будӣ, Сабо? – аз пас садое омад.
Духтарак бозистод ва шах шуд. Ў шинохт, ки ин садои кампири Ойша аст. Баргашта ба ў нигарист.
— Куҷо будӣ? – боз пурсид пиразан, гўё дидаю дониста.
— Ҳеҷ ҷо, – ҷавоб дод ў ва фикре ба сар омада суханашро давом дода, – ба район рафта будам, боз истода натавонистам, омадам.
— Шабошаб?
— Ҳа.
— Беақл!.. Ту духтар ном дорӣ... Ҳа, имшаб хонаи Абдуллоселпоро дузд задааст.
— Ҳаҳ?
— Ҳа, ман хавфам аз ту буд, шукр, ин ҷо набудаӣ.
— Ман хонаи Абдулло-селпоро дуздида, дар сарам мезанам?
— Гумон-дия... Инро худам фикр кардам, хуб, ки ин ҷо набудаӣ.
— Хонаи ин хел одамро рўфта раванд ҳам, кам... Дуздро ёфтаанд?
— Кофта гаштаанд.
Дили духтарак фурў лағжид.
— Биё, хона дароем, – хоҳиш кард пиразан.
— Не, момо, ман рафта хоб мекунам...
— Биё, ба хона гуфтам-ку, хавфаш камтар.
— Хавфи чӣ? – дилаш раг зада пурсид Сабо.
— Ту мана кӣ гумон кардӣ, дар таги ҳафт қабат замин мор ҷунбад, мефаҳмам.
Сабо ба сару рўи пиразан илтиҷоомез нигарист. Он чунон нигарист, ки ғуломи ҳалқабаргўш барои шунидани фармон ба хўҷаин нигарад. Пиразан ба ишораи сар ўро ба сўи ҳавлиаш даъват кард.
Духтарак гардани баста барин аз паси ў равон шуд.
— Мана нон, об, – гуфта пиразан дастархонро рўи хона кушод, дўлчаи обдорро ҳам паҳлўи нон гузошта дар табақчае тутмавиз монд ва ба Сабо рў овард:
— Ман аз болоят дарро қуфл зада меравам...
— Не! – якбора ҳаросида дод зад духтар.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан