Чашми рўз накафида Сабо бедор шуд ва нўг-нўги по берун баромад, ки куртаашро аз шохи дарахт гирад. Ў куртаро боэҳтиёт нагирифта аз як бараш дошта пуршаст кашид ва курта ба шохи дарахт андармон шуда ҷағӣ дарид. Духтарак гўё аз сирраш касе огоҳ шуда бошад, ҳаросид ва ангушт ба даҳон бурда газид. Ва дар дами субҳ касеро дидагӣ барин сақфи синаи бараҳнаашро бо куртаи намнок панаҳ карда зуд аз дар даромад.
Соҳибаи хона рафтори ўро дида сурфид, ки духтарак наҳаросад, бо вуҷуди он Сабо худро пас кашида сурати девор шуд.
— Ту чӣ ин қадар беқарор? – ба сари ҷогаҳ хеста гуфт занак.
— Куртаамро даррондам! – ҳафа шуда гуфт Сабо.
— Хоб кун, духтар, ман медўзам, – хост занак.
— Худам дўхта метавонам, риштаю сўзан дихед, мешавад.
Занак якравии духтаракро дониста, дар торикӣ даст-даст карда аз сўзании девор сўзан ва аз паҳлўи сандуқ калобаи риштаро ёфта ба Сабо дод ва гўё ки ў сўзании ўро медида бошад, ба гап даромад:
— Агар ту намешудӣ, пагоҳ ин сўзаниро канда, бозор мебурдам.
— Барои чӣ? – пурсида ба сўзании калони қолаби девор нигарист, вале дар торикии хона нақшу нигори онро чандон хуб надид.
— Фурўхта, барои кўдакон ҷав ё гандум харида меомадам.
Сабо сўзану ришта дар даст, карахт шуд. Ва баъди чанд муддат мисли яхе ки аз гармӣ об шуда бошад, пурсид:
— Барои чӣ?
Аз саволи ў занак ҳайрон шуда дар зери пардаи сапедадам ба духтарак нигарон истод. Сабо аз нигоҳи ў чизеро дарк кардагӣ барин ду-се мижа зад ва ба саволаш ҷавоб ёфта боз ба занак рўй овард:
— Бисёр хуб кардед, ки нафурўхтед, апа. Сўзании хушрўй метобад, – дар торикӣ гўё нақшҳои сўзаниро медида бошад, таъриф кард Сабо.
— Зебо, нақши дасти модарам, – гуфт занак ва аз дар баромад.
Сабо дами дар нишаст, то дар равшании субҳ чашми сўзану риштаро бинад. Ў китфи даридаи куртаашро дўхта, куртаи намнокро пўшид. Аввал нами курта ба баданаш форид, баъд аз насими саҳар танаш хунук хўрд. Ў дид, ки соҳиба наменамояд, дар як они воҳид зими сиёҳ зад.
Сабо ба пасаш нигоҳ накарда рафт. Болои шонаашро курта таранг медорад, курта танг ва андаке кўтоҳ ҳам шудааст, дар об даромадааст. Сабо ҳар лаҳза бозистода андаке домани куртаашро мекашид, ки каме ёзад, вале аз дариданаш метарсид.





