Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 340 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 340 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Чаро хобат намебарад?
— Намедонам.
— Ҷой бегона кардӣ?
— Не-йе, – барои хотири соҳибхона оҳангдор «не» гуфт ў ва аз паяш гапро ба дигар тараф гардонд. – Аз афташ, тез гашта будаам, ки арақу чанги орд хамир шуда ба куртаам часпидааст.
— Каш, шўям, то пагоҳ хушк мешавад!
— Не-йе!
— Ҳеҷ гап не, каш!
Сабо хомўш ва ором меистод ва ҳис мекард, ки занак хестанист.
— Ман худам шушта метавонам... Лекин то саҳар хушк нашавад, ман чӣ кор мекунам?
— Ҳавои тирамоҳ, як дам-ба хушк мешавад.
Духтарак бархеста ҳамроҳи занак ба ошхона гузашт. Занак тағора, як сатил об ва вомондаи собун – алқундӣ муҳайё сохта боз ҳамон гапашро такрор кард:
— Духтари ҷон, куртаатро ба ман деҳ ва худат зери кўрпа шуда хоб рав.
Духтарак курта кашид ва боз бо он сарсинаи бараҳнаашро панаҳ карда, сари тағора нишаст ва «Равед, апа, худам мешўям»
гуфт, ки занак синаҳои навдамида ва пистонакҳои гулобиранги ўро набинад. Занак якравии ўро дида, оби гарми чойҷўшро ба сатил гардонда худ ба хона гузашт.
Сабо дергоҳ андеша дошт, ки куртаашро тар кунад ё на. Беихтиёр куртааш ба тағора афтид. Баъд ў соидҳо аз рўи синачаҳои бараҳнааш гирифта оҳиста ба рўи курта даст гузошт ва хеле мулоим шуда бо дўлча аз сатил об гирифта ба тағора андохт. Боз андохт, вомондаи собуни сиёҳ зада, шушт ва об гардонда, ҷафида, ба мулоҳиза рафт, ки чӣ зайл нимбараҳна баромада куртаро ба шохи дарахт паҳн кунад. Аввал берунро аз назар гузаронд ва гурба барин пой гузошта баромад. Куртаро як бор афшонда, баъд ба шохи дарахт паҳн кард ва дартоз ба ошхона даромада аз миён боло ва аз зону поёнро бо мағзоба шушт ва баъд об рехта бо рўймолаш танашро пок кард. Мағзобаро аз дар берун пошид ва оҳиста-оҳиста қадам монда ба хона даромад.
— Шудӣ? – пурсид занак.
— Ҳа, – бо каф даҳонашро дошта ҷавоб дод Сабо.
— Хоб кун, духтар, ҳамин замон рўз мешавад.
Сабо гап назада ба ҷогаҳ даромад. Баданаш роҳат кард. Дасти намнокаш ба бадани тафсонаш гуворо мерасид... Хеле вақт гузашт, хобаш бурд, вале мағзи сар ва дилаш бедор буд.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан