Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 339 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 339 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Ҳа.
— Ба ман диҳед. Аз они муаллимро ҳам, ба онҳо ҳам як чиз-ним чиз фиристодан лозим, – гуфта духтарак дар рўи табақ беҳаракат мондани дасташро фаромўш кард.
Занак ба ў зеҳн монда истод, вале ба фикраш халал надод.
«Духтурзанак! Не... Холаи Зоя. Мо ин ҷо ҳама сиҳату саломат.
Наташа нағз. Фақат ман барои худ ҷой намеёбам: на дар назди модарандар ва на дар ҳавлии падар... Холаи Зоя, шумо ба ман гўед, ки аҳволатон чӣ тавр, муаллим Мизробро мебинед ё не?..
Ҳа, боз гўед, ки чӣ зайл то назди шумо рафтан мумкин? Ман ба наздатон рафтанӣ...»
— Чаро намегирӣ, духтар?
Сабо як қад парид, ки касе аз қасди ў огоҳ шуда бошад.
— Ман акнун меравам, – бархеста гуфт Сабо.
— Дар ин бевақтӣ? – ҳайрон шуда пурсид занак.
— Барои ман фарқ надорад, – бепарво гуфт Сабо.
— Наметарсӣ?
— Аз кӣ, аз чӣ?
— Аз ҳар бурду бало.
— Бало маро бинад, мегурезад, – гуфта панҷаҳои дасташро пеш дароз кард ва чашм наканда гапашро давом дод. – Арвоҳ омад, мегўяд.
— Инту нагў, ҷони ман. – Гиребонашро дошта гуфт занак ва аз ў пеш гузашта бо ду даст пеши роҳашро гирифт: – Ман намегузорам, ки дар ин бевақтӣ ту танҳо гардӣ, рўз шавад, худам бароварда гусел мекунам. Ҳамроҳонатро ёфта медиҳам...
— Ҳоҷати ташвиш не.
— Ту намедонӣ, ки барои мо чӣ қадар хизмат кардӣ.
— Барои хизматам як шикам чанголу хўрдам, бас нест?
— Не, бас нест, биё хоб мекунем...
— Ман хоб рафта монам, сангсор кунед ҳам, бедор намешавам...
— Ҳар қадар хоҳӣ, хоб рав, вале дар ин бевақтӣ нарав...
Сабо хеле мулоҳиза кард ва оқибат розӣ шуд, ки хоб равад.
Занак барои ў дар хонае, ки кўдакҳо хоб буданд, ҷой тахт кард.
Сабо ба чогаҳ даромада хоб кард. Шикамаш сер буд. Тапиши дилаш ҳам монда буд, вале як чиз барояш ногувор расид: аз баданаш бўи арақ омад. Дилаш ғаш кард. Ў гумон кард, ки занак ҳам ҳамин бўйро ҳис мекунад, оҳиста сар бардошта соҳиби хонаро ҷўё шуд ва ҳамаро хоб дида, боз сар ба болин гузошт. «Куртаамро шўям, то пагоҳ хушк мешуда бошад?» худ ба худ мулоҳиза кард ў, вале ин муддаояшро ба занак нагуфт. Паҳлў гашт, рўболо шуд, боз чанд бор ба паҳлўҳо гашта оҳи вазнин кашид ва баъд сари ҷогаҳ нишаст.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан