Дар партави оташи аз дам сурхшуда якбора рўй, мўи даққӣ ва панҷаҳои хароби лоғари духтаракро занак равшан дид, вале аниқ накард, ки ў кист. «Чаро ин хел?» гуфт ў дар дил.
— Ту кӣ дорӣ, духтарҷон? – таваҷҷўҳ фармуд занак.
— Ҳама: падар, модар, додару хоҳар...
— Дар куҷо?
— Дар Панҷакат...
Занак дигар савол надод ва хамири ҷамъкардаашро гўё ки мерасонда бошад, аз нав мушт кардан гирифт. Баъд хамирро ба се зувола ҷудо карда якеро рўи нонсозак гузошта бо нўги ангуштон пахшу ҳамвор карда нон сохт ва нонпарро аз даруни боқимондаи орди суфра гирифта гирдогирд нонпар зад ва ба деги тафсон андохт.
Духтарак то алҳол бўи дегро мешунид, акнун ҳис кард, ки бўи нон меояд, зери забонаш луоб ҷудо шуд.
— Аз муаллим, аз духтурзанак – Зоя ягон хабар ҳаст? Менависанд? – хомўшӣ ба дилаш зада ба гап даромад духтар.
— Ҳа, менависанд, – гуфта занак даст ба деги тафсон бурд ва фатирро аз ҷояш ҷунбонда монд, то насўзад ва баъди андаке фурсат рўгардон кард. Ба хонаи дигар гузашт.
Сабо ба ҳамаи рафторҳои ў менигарист ва худ эҳтиёт мешуд, ки занак кӣ будани ўро надонад. Ў аз набудани занак истифода бурда берун баромад. Хавф бурда ва дилаш ваҳм карда баромад, мабодо, ки Абдулло-селпо дарак ёфта омада бошад.
— «Духтар, ҳо-о духтар!» – садои занак баромад, вале Сабо ба ў ҷавоб нагардонда худаш омад.
— Чаро хестӣ, духтар? – аз китфи ў дошта ба хона даровард занак ва ба саволи аввалааш ҷавоб нагирифта саволи дигар дод:
– Рафтанӣ будӣ?
— Не, ҳамту баромадам.
Назди оташдон дастархоне буд ва ба рўяш пораи равған, ки болояшро пардаи ишкамба гирифта буд.
Занак аз рўи секучак як табақи сиёҳи лангариро гирифта лаби дастархон гузошт. Фатири тафсонро пора-пора карда, аз болояш равған гузошт ва чангол карда-чангол карда чанголу сохт.
— Канӣ, марҳамат, гир! – табақро сўи духтарак тела дода гуфт занак.
Сабо мехост, ки зудтар аз ин хўроки хушлаззат ба даҳон андохта луобҳои зери забонашро рафъ кунад, вале ибо кард.
— Гир, ҷонам, хонаи худат дон, Наташа бедор мешуд, хўрданро ба ту ёд медод. – Иштиҳои кушоди ўро қозгир карданӣ шуд занак.
— Адреси духтурзанак – Зояро доред? – як пора чанголу гирифта пурсид Сабо.





