«Уҳу!» сурфид Сабо. Заиак даст бар хамир шах шуда монд.
Чашмаш ба тиреза буд. «Кӣ?» гуфта пурсида ҳам натавонист.
— Натарсед, апа, ин ман! – аз дари ошхона гуфт Сабо.
— Э биё, биё! – аз сари суфра нимхез шуда гуфт занак.
— Ҳамроҳонамро наёфтам, боз омадам, – сабаби омаданашро чунин эзоҳ дод духтарак.
— Нағз кардӣ, ҷон, сабр бикун, як кўрпача биёрам, – ўро меҳмони азиз дониста ба хона гузаштанӣ шуд занак.
— Лозим не, апа, – пеши роҳи ўро дошта гуфт духтарак, – ҳамин пўстак мешавад.
Занак ба хоҳиши ў нигоҳ накарда ба хона гузашта кўрпачаи қуроқие овард ва рўи пўстак густурда духтаракро «шин» гуфт.
Духтарак аз омаданаш пушаймон, шиштан нахоста, чашм ба занак дўхта мижа задан гирифт.
— Шин, шарм накун, хонаи худат барин...
Сабо каме худро қафо кашид ва сари зону нишаст.
— Баҳузур шин, – гуфт занак ва нонсозакро аз рўи секучак гирифта бо латтае пок кард, рўи суфра гузошт ва ба гап даромад:
— Э-э, агар донӣ, ки ту чӣ кор кардӣ...
— Чӣ кор кардам, апа?
— Сухан нест, ки гўям. Ту ба мо ҷон бахшидӣ...
Сабо ба ин гапи занак сухане нагуфта сар хам карда истод.
Ошхонаро сукунате фаро гирифт. Алангаи шибоғ ҳам паст шуд ва дар нўги ҷорўбакҳои он сурх-сурх оташ буд, пас аз лаҳзае оташи он сиёҳ гашта ва нўги чингаҳо камонак шуда хокистар боқӣ мемонд. Сабо хомўш шудани оташ ва торик гаштани ошхонаро дида ҷуръат накард, ки зери дег шибоғе гузорад. Ба занак нигарист.
Ў беихтиёр хамир мушт мекард. Хамир аз вазни мушти занак ба рўи суфра каҷу килеб паҳн гашта ба як нони калони ноҳамвор монанд мешуд. Духтарак ба занак диққат дод. Вале дар торикӣ надид, ки қиёфаи вай чун аст, аз бинӣ кашиданаш пай бурд, ки ў гиря мекунад.
— Апа! – шишаи хомўширо шикаст духтар.
— Ҳа.
— Гиря мекунед?
— Н-не, – хандида гуфт ў, вале духтарак хандаи ўро надид.
Занак бо пайванди даст ашки ба рухсорааш шоридаро пок карда ва хамири ба рўи суфра паҳншударо лабгардон карда монд ва боз ба дегдон шибоғ гузошт. Шибоғ дуд кард. Чашмони Сабо сўхт.
— Ман «пуф» мекунам, апа, – гуфта Сабо лаби оташдон омад ва як чўбчаро гирифта, дили оташро каме кофт ва хам шуда пуф кард, чўбчаҳои сиёҳгаштаи даруни оташдон суп-сурх шуданд.





