Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 336 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 336 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Гуфтан катӣ намешиносед, орд орди ҳукумат, – гуфта Сабо чанд қадам пас-пас рафт.
— Хайр, майлаш, нашиносам ҳам, хоб кун, дар ин бевақтӣ куҷо меравӣ? – ба некии духтар чӣ хел ҷавоб гардонданро надониста, имшаб хобидани ўро мехост занак.
— Не, апаҷон, ман бояд чанд ҷои дигар равам.
— Набошад, боз кай меоӣ?
— Ҳар вақте ки ҳукумат барои шумо чиз фиристад.
— Не, ҳамту омадан гир.
— Фақат, илтимос, ки орд овардани маро касе нафаҳмад.
— Барои чӣ? – ҳайрон монда пурсид занак.
— Даъвогарҳо бисёр, апа, вале орд кам, ба ҳама намерасад.
— Хуб! – рост бовар кард занак ва духтаракро то сари кўча гуселонд.
Сабо дар сари кўча гапро ғоз надода, зуд ба роҳ даромад. Чанд қадам рафта, боз ба пас нигарист, ки ҳоло ҳам занак аз паси ў нигарон аст. «Ман боз меоям, апа» гуфт духтар ва тез гашт. Ҳамин ки хамгашти кўчаро гузашта аз назари занак дур шуд, хаёл лаҷоми гашти ўро пас кашид. Қадамаш якка шуд ва бозистод:
«Ба куҷо? – суол кард ба худ ва китф дарҳам кашид. – Ба ҳавлӣ рафта намешавад. Абдулло-селпо ба хонааш омада дуздро пай бурда бошад? Ман беҳуда худамро ба осиёбон, ба хирманкўбон шинос кардам. Беҳуда аз осиёбон орд талабидам, беҳуда ба Ҳусен гуфтам, ки гандум лозим. Вагарна маро дар ин деҳа ҷуз кампири Ойша касе надида буд. Беҳуда кардам, аз худам гузашт...» Духтарак такя ба девори кўча зада хеле истод ва ба хулосае омад, ки ба ҳеҷ куҷо наравад. На ба ҳавлиашон, на ба хонаи кампирн Ойша, на сари хирман ва на ба назди зани Мизроб-муаллим. Вале ҷое бояд пайдо кард, куртаи ордолуд кашида афшонад ва илоҷаш бошад, шўяд, ки аз арақу орд тахтапушташ хамир бастааст. Духтарак хеле фикру хаёл кард ва тахмин дар деҳа каси бедор намонда буд.
Фарёди аввали мурғон. Мурғони деҳа аз дуру наздик се бор-се бор бонг зада бо забони худ чизе гуфтанд. Духтарак забони онҳоро нафаҳмид. «Аз афташ, ба ман маслиҳат медиҳанд, ки оворагардӣ накунам, ҳов, шумо ба дасти моиндар наафтодаед, афсонаи момои маро нашунидаед, барои ҳамин шабу саҳар фарёд мезанед». Ба мурғон ситеза кард ў ва пушт аз такяи девор гирифта аз роҳаш баргашт. Тез-тез қадам монд, баъд тохт. То дарвозаи Мизробмуаллим тохт ва дарвозаро кушода даромад.
Ошхонаи занак равшан буд. Чарс-чарси сўхтани ҳезум меомад.
Сабо ба ошхона наздик омада аз тирезаи бешишаи он ба дарун нигарист. Занак хамир меошурд. Сараш хам буд. Хамир мушт мекард. Оташ аланга гирифта, яке ошхонаро равшан кард ва боз паст шуд, монанди чароғи мил-милак месўхт. Занак бо дасти чап ба таги дег як қабза шибоғ гузошт ва дар равшании алангаи он хамирро аз табақ канда ба рўи суфра гузошт ва мушт кардан гирифт.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан