Хеле истод. Ба атроф диққат дод. Ҳама ҷоро ором ёфта, хам шуда халтаро ба дўш бардошт ва боғ ба боғ то роҳи таги ғор, ки дар ин бевақтӣ одамон аз он ҷо кам мегузаштанд, рафт. Ў аз ҳавлии Абдулло-селпо дур шуд ва ҳаросаш гум шуда, қувваи нав гирифта, тез-тез қадам монда рафт. Чунон тез рафт, ки тарсу ҳаросро ҳам фаромўш кард ва ба дарвозаи Мизроб-муаллим расиданашро ҳам надониста монд. Ў дар беруни дарвоза дудила нашуд: аввал аз дарвозаи беқуфлу маданг дарун даромад, халтаро пушти дар гузошт ва баъд тақ-тақ кард. Ҷавобе нашуд. Оҳистаоҳиста ба хона наздик рафт ва тирезаро нохун зад.
«— Кӣ?» – шунида шуд аз дарун.
«— Ман».
«— Кӣ ту?»
«— Ман – Сабоҳат».
«— Кадом Сабоҳат?
«— Дарро кушоед, мебинед»
«— Чӣ мегўӣ?»
«— Гап ҳаст, кушоед».
Занак бархоста занҷир аз дар бардошт ва дарро боз карда берун омад.
— Салому алейкум! – одобро фаромўш накард духтар.
— Ваалайкум! – барои зудтар мақсадро фаҳмидан кўтаҳ ҷавоб гардонд занак.
— Шумо зани Мизроб-муаллим?
— Ҳа.
— Духтарчаи Зоя-духтур дар хонаи шумо?
— Ҳа...
— А... а... медонед чӣ?
— Не. Ягон гап... – парешон шуд занак.
— Не, не. Аз район ба шумо, ба оилаи муаллим ва кўдаки духтур ёрӣ фиристоданд.
— Чӣ хел ёрӣ? – ҳайрон шуда пурсид занак.
— Орд... Камтар орд, – гуфт Сабо ва тозон рафта аз пушти дар халтаро бардошта омад. – Марҳамат.
— Раҳмат, духтарам, дар ин бевақтӣ овора шудӣ...
— Не, овора не, апа.
— Ин қадар худро ба орд ҷўлондаӣ? – дар равшании моҳтоб орди сару рўю куртаи ўро дида гуфт занак.
— Бардорумон кардам, чанг шуд.
— Хайр, даро!
— Не, меравам.
— Дар ин бевақтӣ ҳеҷ куҷо намеравӣ, духтар. Хоб мекунӣ, пагоҳ Наташаро мебинӣ, баъд меравӣ... Аввал ба ман гўй, ки ту кӣ мешавӣ ва кӣ туро фиристод?





