Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 334 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 334 аз 470 · 3 ноябри 2026

Хар ҳанг зад. Ало ду-се бор ак-ак кард. Духтарак назди дари анбор рост шуд. Баъд дид, ки ба дари он як қуфли дароз задаанд, ки ин хел қуфлро бо калиди дароз тоб дода-тоб дода ва баъд калидро сахт кашида кушода мекунанд. Зулфини дар ҳам намебарояд. Ў як дастаи табар ёфта, аз роғи зери дар даровард ва боло бардошт, то турмаш барояд. Чанд бор зўр зад ва яке дар дарун рафт. Духтарак даромад. Анбор торик буд, чизеро намедид. Дастдаст карда ба ҳар чиз бармехўрд. «Орд» – ба ҷуволи нарме расида гуфт ў ва аз садои худ ҳаросида ба дар нигарист. Саг дами дарро гирифта гўё ба вай ёрӣ медод. Хотирҷамъ боз ба ҷувол расида ва ҳамин вақт аз кўдакӣ ва беқувватии худ норозӣ шуд, ки ҷуволи ордро бардошта бурда наметавонад. Ало ҳам ба вай ёрӣ дода наметавонад. Ў ҷогаҳе пайдо карданӣ шуда, ҳама ҷои анборро даст-даст кард. Ба дасташ як нони қоқ омад, ба назди Ало партофт.
Ало онро гирифта ба кадом гўшаи ҳавлӣ рафт. Сабо аз пушти ҷуволи орд халтаи хомсуфро кашола карда баровард. Бо паллаи тарозу аз ҷувол орд гирифта ба халта андохт. Баъд бардошта, вазн зада дид. Ҳоло сабук, вале девори баланд дар пеш. Як пуд барин орд гирифт. Аз дар баровард. Баҳузур турми дарро ҷо ба ҷо карда, баъд ба таги девор рафт. «Баланд, хеле баланд» зери лаб гуфт ў ва халтаро ба дўш гузошта даҳони онро ҷамъ карда зери дандон гирифт ва даст боло кард, то барояд. Халта вазнинӣ кард, дасташ ба сари девор нарасид. Халта гардани ўро ба пушт тоб дод. Гумонаш, ки Ало аз пушт дошта кашида бошад, халта ба пушт афтид. Сабо хаёл кард, ки халта кафида, орд рехт. Халта, ки аввал ба танаи дарахти чормағз бархўрда, баъд ба замин зада буд, осебе надид. Ў халтаро бехи дарахт монда сўи саисхона рафта, полони харро бардошта овард, ки зери пояш монда барояд. Он ҳам пастӣ кард. Як сатили кўҳнаро ҳам овард, нашуд. Аз кунҷи ҳавлӣ як дари кўҳнаро оварда нардбон барин аз бехи дарахт то ними девор гузошт ва боз халтаро ба дўш бардошт, бо дандону дасти чап дошта ва бо азобе сари девор баромад. Вақте ки халтаро сари девор гузошт, ларзиши бадан ва дасту пояшро пай бурд. Гўё ў на, девор меларзид ва духтарак худро дар сари девор базўр нигоҳ медошт. Ў ба сари девор савор шуда халтаро ба паст партофтанӣ шуд ва яқии кард, ки партояд, мекафад ё чаппа шуда, орд мерезад. Пас мисли бузкашҳо, ки ҳангоми аз замин бардоштани буз ба як тарафи асп кашол мешаванд, худро ба паҳлўи рост хам карда, як бор бе халта озмуд ва баъд халтаро нишеб карда ба сари девор дароз ба шикам хобид ва кам-кам нишеб шуда бо дасти чап деворро сахт дошта, халтаро сар додан гирифт. Халта таппӣ ба замин зад ва якпаҳлў афтид. Ў қоматашро рост карда диққат дод, ки саг дар куҷо бошад. Хост «ҳушт» гўяд, вале ба гўшаш омад, ки саг паси дарвоза нони қоқ мехояд: «Хайр, Ало!»
Духтарак зуд фуромада халтаро бардошт. Баъд нафаси дароз кашида, тахтапушт ба девор такя дода тапиши дилашро ором карданӣ шуд.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан