Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 333 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 333 аз 470 · 3 ноябри 2026

Поида-поида зери деворе рафт, ки аз тамоми деворҳои ҳавлиҳою боғоти деҳа баландтар буд. Сари девор баромад. Чашмонаш саги алоро меҷустанд. Ў чандон бовар надошт, ки Ало ошноӣ диҳад. Бештар бар ин ақида буд, ки Ало саги гургошност. «Мол ба соҳибаш наравад – ҳаром»
мегўянд...
Дарвоза кушода шуд. Сабо аз сари девор паст лағжид ва бо ду даст ба сари девор маймунвор кашол шуда, аз буни танаи ғафси дарахти чормағз он сўй нигарист. Аввал хар аз дарвоза даромад ва баъд Абдулло-селпо. Ў аз пушти зин хўрҷини вазнинро бардошта натавониста, занашро ба ёрӣ ҷеғ зад. Дукаса хўрҷинро бардошта лаби марза гузоштанд. Сонӣ саросемавор онро ба хона дароварданд. Абдулло-селпо зуд баргашта дабба-дабба баромад ва сари марза рост истода нафаси дароз гирифт ва баъд нишаст.
Абдулло-селпо тахмин кард, ки аз куҷое касе ба вай нигоҳ мекунад. Беихтиёр бархоста, тозон назди дари анбор омад ва баъд сагро ҷеғ зад: «Ало, ало, баҳ!». Саг «ҳаф» гуфта ва думак зада омад. «Асил ту, асил ту, – гуфта сари сагро молид ва таъкид кард: – Ҳушёр бош, замона бад, дузд бисёр шудааст». Саг думак зада-думак зада пеши пои соҳибаш ғелид.
Сабо тамошо мекард. Зани Абдулло-селпо куртаи дигар пўшида баромад. Дастархон карда буд.
«Ҳушт!» Баъди аз дарвоза баромада дур рафтани онҳо сагро ҷеғ зад Сабо. Саг як ба атроф нигарист, гўш чур кард. «Ҳушт!»
такрор кард ў ва Ало садоро нишон гирифта то зери девор тохта омад. «Ало, ин ман, шинохтӣ?» Саг думак зада чашм аз духтарак намеканд ва ба дасти ў менигарист. «Наздат фароям?» пурсид Сабо, аммо мўи сараш рост шуд. Саг думак мезад, ошноӣ медод, аммо дили Сабо пур набуд. «Фароям?» боз пурсид Сабо. Саг каллаашро яктарафа карда, маънидор ба вай нигарист. «Ту чӣ хел зиракӣ, Ало!
Ту чӣ хел бофаҳмӣ, Ало!» сагро таъриф кард духтарак ва бо ин гапҳояш гўё вайро харида бошад, пойҳояшро аз сари девор нишеб кард, то фарояд. То ними девор фаромад, саг ором буд. Ў пой ба танаи дарахти чормағз гузошта, фаромад. Рў ба рўи саг истод.
Саги нонхўрда думак мезаду ба дасти духтарак менигарист. «Ҳеҷ чиз надорам, – кафи дастони холиашро нишон дода гуфт Сабо,
– мебинӣ, ҳеҷ чиз. Ман ҳам ту барин гурусна, – назди ў нишаста бо овози паст гуфт Сабо ва гарданашро оғўш карда ба гўшаш пичиррос зад: – Агар хоҳӣ, ки ҳар дуямон сер шавем, ба ман ёрӣ деҳ, ман анбор даромада нон гирифта ба ту медиҳам, шикамат сер мешавад, худат дидӣ, ки ба ту ош надода рафт».
Саг думак мезад ва дар оғўши духтарак ором меистод. Аз ин рафтори саг дили вай пур шуд, ки «ҳозир, сабр бикун!» гуфта бархост сўи анбор рафт.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан