Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 332 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 332 аз 470 · 3 ноябри 2026

Шон худашонро ҳоло ҳам таги хамма медонанд, аз бойҳо ҳамин қадар бой мондааст, мегўянд. Баччаҳои ман аз гушнагӣ муранд, як бурда нон нате. Ва намедиҳӣ ҳам... Кӣ инро намедонад? Ки ту судхўрро намедонад... Селпоя хўрда, сер нашудӣ, як кило гандум диҳӣ, якуним кило карда гирӣ, сер не... Аз хирмани колхоз ҳам кавсанг металабӣ... Мур!...»
Амаки Амон дарғазаб шуда акнун гапашро зери забон не, балки баланд-баланд мегуфт.
— Амак, ман дина дидам, ки ҳамин мардак як ҷувол гандумро дар осиё орд карда бурд.
— Акнун ба ивази як қалама хамма пур карданӣ... Вай маро кӣ гумон карда бошад... ё мардум гумон кунанд, ки Амонбой шаби дароз хоб накарда гандум мефурўшад ё ба хонааш гандум мекашонад?.. А? Ҳусен?!
— Одамон ҳамин хел гумон мекардаанд, амак.
— Гумон кардан гиранд, баччем. Сидқи мо дар назди парвардигор, дар назди колхоз соф аст.
— Худам шунидам, ки сари чош бошад, мехўрад, мегуфтанд.
— Гуфтан гиранд... гуфтан гиранд, баччем...
Ҳамин қадар гуфт амаки Амон, мазмун, гапи тайёркардааш тамом шуд, ки мисли талабаи ба билети имтиҳон ҷавобгў давоми сухан надониста хомўш монд... Говҳоро ҳўб баст, «ҳўб!» гуфта ба ҳаракат овард ва аламзада ҷониби каппа рафт.
Моҳ баланд баромада буд. Акнун якёна не, балки мисли як қандили азим дар сақфи баланди осмон меистод. Мардуми оламро аҳли як байт дониста ба сари онҳо баробар нур мепошид. Сабо як лаҳза фикр кард, ки агар ҳамон моҳро канда ба рўи хирман гузоранд, сарпўш барин онро мепўшад. Ҳарду баробар, мудаввар, ҳамранг, вале хирман наздиктар ва заруртар. Барои баччаҳои Мизроб-муаллим моҳ чандон лозим не, фаразан, як шабу-ду шаб набарояд ё зери абр монад ҳам, боке не, вале пайи ҳам гушна шиштан ғайриимкон аст. Духтарак то ин дам фикр мекард, ки аз амаки Амон пурсида гандум мегирад ва ё хирманро мезанад, вале баъди муомилаи ў бо Абдулло-селпо умедашро канд.
Ў боз як рўз сабр кард. Аз амаки Амон пурсид, ки барои ў чӣ хизмат кунад. Ў ягон хизмат нафармуд. Баробари Ҳусен говҳоро ба об бурда меовард, ҳўб мегардонд. «Ту хоб кун, ман гардонам, рўзона ин ҷо будани ман мумкин не», мегуфт, вале рўз, ки шуд, ҳеҷ ҷо намерафт. Аммо бегоҳи дигар «Хайр, ман рафтам» гуфта бо амаки Амон хайрухуш кард, вале ба Ҳусен чизе нагуфта рафт.
Рафту дилаш ба шаби маҳтобӣ кашол монд...
Гўё духтарак бо як азми азим ва алами алим аз сари хирман ҷониби деҳа рафт. Ў аз сари теппа, аз болои харсанг ва сари нов чанд бор ба ҳавлиашон нигарист, ки падараш омада бошад. Аммо асаре надида, ба ҳавлӣ надаромада мисли бум, ки шабонгаҳ ба шикор барояд, ба боғҳои ҳамсоя гузашт.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан