— Ҳў-ҳў-ҳў! – хоб дидагӣ барин як қад парида ва чакманро ба китф бардошта хест амаки Амон.
— Хобатон сахт будааст-дия, Амонбой, – гуфт Абдулло-селпо, вале Амон ҷавоб надода карахт шуд.
Сабо гапҳои онҳоро гўш мекард, аз зери фўта як гўшаи чашмаш онҳоро медид. Марди пасти сиёҳ бар дўш халтае ҳам дошт. Амаки Амон хоболуд аз рўи хирман ба рўи замин гузашта назди онҳо рафт ва ба каппа бурд. Ҳамагӣ панҷ-шаш қадам аз хирман дур.
Сабо ҳайрон буд, ки онҳо барои чӣ омада бошанд. «Наход аз пайи ман омада бошанд... Наход амаки Амон маро фурўшад?»
аз дил гузаронд ў ва нафас дарун медошт, ки тапиши дилаш паст шавад, то сўҳбати онҳоро шунавад. Амаки Амон ба назари Сабо марди ором ва вазнин метофт, шир барин дамида ва шўриданӣ мешуд, вале онҳо ба дами он об зада, фурў нишонда мефармуданд, ки паст гап занад.
«Баччаҳо, ки аз гушнагӣ мемурда бошанд, қаламаро барои чӣ овардӣ?» садои амаки Амон омад. Абдулло-селпо даст дароз кард, то даҳони ўро дорад. Машварат ва муомилаю мубодила дер давом кард ва яке овози амаки Амон баланд шуда ва дастархони қалама аз каппа берун парид: «Қаламаат пеш-пешу худат аз қафо!»
– бадқаҳр шуд амаки Амон.
— Нонро напарто, кўр мешавӣ, аз ин дастат ҳам ҷудо мегардӣ,
– ўро ҳақорат кард Абдулло-селпо.
— Кўр шавам, шал шавам, лекин ту барин беномус нашавам, мумсик нашавам! – амаки Амон дигар ба онҳо нигоҳ ҳам накарда сари хирман омад ва Ҳусенро бедор кард.
— Ҳусен!.. Хез, говҳоро ҳай карда биёр!
Ҳусен парида хест ва ҷониби говҳо рафт.
Вале Сабо даруни охурчаи хирман шах шуда буд.
Ҳамин ки онҳо дастархони қалама бастаро гирифта, даруни халта андохта ва сари китф партофта нишеб шуда рафтанд, амаки Амон худ ба худ ғурридан гирифт: «Лаънатии беномус, хонааш пур-пури ғалла, боз аз ҳама пештар мемурад. Мур-е, баччаҳо аз гуруснагӣ мемуранд, мегўяд. Худи ки Ҳаким барин панҷ баччаро партофта ба ҷанг рафта бошад, ё зани Мизроб барин баччабон бошад... Мард нашуда рав... Баччаҳо аз гушнагӣ мемурда бошанд, қаламаатро ба ҳамонҳо деҳ, на ки сари хирман биёрӣ, ба гандум иваз кунӣ. Пурхўрда – пурармон...» – гуфта амаки Амон хам шуда ресмонро гирифт, ки то говҳоро ҳай карда омадани Ҳусейн тайёр шавад. Сабо акнун фаҳмид, ки амаки Амон ҳам гапро медонистааст, вале ҳама гапро дар дарун дошта, худ ба худ мулоҳизаю хулоса мекардааст, вале бо онҳо зуд тез шуд. Чун Ҳусен говҳоро ҳай карда омад, ба вай ҳам фаҳмонданӣ шуд: «Дидӣ? Шунидӣ ин мумсиконро? Боз кӣ? Писари Ҳикмати пашминро бардошта омадааст. Неъмат-девонаро меовардӣ, намешуд, ақлаш кам, зиёдтар мебардошт.





