Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 330 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 330 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Хоби ман ҳам намебарад... Хайр, бихоб.
Сабо даруни коҳ даромада, фўта ба рўй кашид ва чунон вонамуд, ки сахт хоб рафтааст. Ба назараш, ки фазо оҳиста-оҳиста равшан мешуд. Вай оҳиста фўта аз рўй бардошта чашм кушод, ки қуллаҳои қаторкўҳи рў ба рў сафед шуда истодааст. Фазо равшан, дашт равшан ва Лалм ҳам равшан мегардад. Гўё акнун насим ба бадани ў не, ба дили ў расида фараҳе бахшид. Ва ба тамом хоби ў парид. Шаб зебо буд ва ором. Ин хел фазои кушод, барҳаво ва чунин осмони ситорабору ширмоҳтобро дар умраш аввалин бор медид. Аз маталҳо ин зайл тасвирҳоро шунида буд ва акнун бо чашм медид. Худи моҳ ҳам мисли ғилбори пур аз гандум, ки касе устокорона якёна медошта бошад, аз ҳамин наздикак, аз паси дарахтони азиму сафедорони баланди боғоти Ёрӣ сар бардошта истодааст. Онро офтоб гўӣ, офтоб не, моҳтоб гўӣ, моҳтоб не. Ба ҳар навъе бузург ва равшан аст. Ба назар ин моҳи мунир бошандагони деҳаро алла мегўяд, дар амал саҳрохобидагонро бедор мекард: махсусан касоне, ки шаббош дар сари мазраъҳо хобида бошанд, чашмони хоболуди худро молида-молида ва ба моҳ нигоҳ карда мехезанд. Вале Сабо инро намедонист. Вай акнун хобиданӣ буд ва ҳамаро хобонда, агар тавонад, гандум медуздид...
Аммо кор ранги дигар гирифт. Аз ҷониби деҳа ғур-ғури одамӣ баромад. Сабо ҳаросида дарунтари хирман даромаданӣ шуда боз бо панҷаҳояш коҳро кофтан гирифт. Баъд мисли чўҷае, ки сайёдро дида дар ягон роғе, обкане ва ё зери буттае то ҷон дорад ҷо мешуда бошад, сахт-сахт бо пошнаи по коҳу нармаро тела дода фурўтар мерафт.
«Уҳу-уҳу!» садои сурфа омад ва ҳар касе бошад, омаданашро мефаҳмонд.
Сабо гумон дошт, ки ҳозир амаки Амон бархеста «Ҳо, кӣ?
Кӣ меояд?» гуфта онҳоро аз раҳашон бозмедорад, вале ҳарчанд ки гўш андохт, садое наомад. Ҳусен ҳам чизе нагуфт. Сабо яқин кард, ки онҳоро хоб бурдааст. Бедор карданӣ шуда «Эй!..» гуфт, вале «Ҳусен»-ашро нагуфта, худи одамони наздикомада овоз бароварданд:
— Амонбой!.. Амонбой!.. Амонбой!..
Онҳо се бор ҷеғ заданд. Як номро ду овоз ҷеғ мезад. Аммо амаки Амон сахт монда гашта, ки бедор нашуд.
Сабо оҳиста даст дароз карда аз лаби домони Ҳусен кашид, вале ў бедор нашуд, даст пас гирифт.
— Амонбой!!! – қадам боздошта садо карданд онҳо. Дар ширмоҳтоб рўи онҳо равшан буд ва кас баръало фарқ мекард. Сабо якеро шинохт, ки Абдулло-селпо, вале дигареро, ки марди сиёҳи паст метофт, нашинохт, як назар ба Неъмати девона монанд кард.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан