«Уҳу» як бор сурфид амаки Амон ва ин сабаб шуд, ки Сабо ба гап дарояд.
— Ҳусен!
— Ҳа!
— Чаро амаки Амон як даҳан гап намезанад?
— Одаташ ҳамин.
— Не, Ҳусен, ягон гап дорад!
— Намедонам, хоб кун.
Сабо дигар ягон чиз напурсид, дар ҳақиқат аз нисфи рўз то ними шаб Сабо аз даҳони ин мардак як сухан нашунид. Фақат боре пурсид, ки ин духтарак кист, вассалом. Маънии хомўшии мардакро нафаҳмид, аз афташ, Ҳусен ҳам намедонист. Саборо хоб набурд. Ба ҳазору як кўчаи хаёл мерафт. Гунгина қувват шуда хуни ўро ба ҳаракат оварда буд, ки кўфти рўзонаро ҳам фаромўш карда, мехост, то имшаб ягон кор бикунад. Вале чӣ кор? Худаш намедонист. Сўкмайдаи гандум баданашро ба хориш овард. Арақ карда зиёдтар баданашро хориш дод. Ў худро каме аз даруни охурчаи хирман берун кашида духтарона зонувонашро оғўш карда нишаст. Баъд ҳама чизро фаромўш карда, дар бораи кўдакони Мизроб-муаллим ва Наташа андеша ронд. «Гушнаанд онҳо...»
Ҳамин қадар гуфта тавонист. Дар бораи беҳолӣ ва нотобии онҳо чизе намедонист. Ў ба Ҳусен ва амаки Амон нигарист, ки хобашон бурдааст ё на. Амаки Амон, ки ба сар чакман кашида буд, хоб ё бедориаш маълум набуд ва Ҳусен ҳам дар охурча ғунча шуда хобида буд. Сабо ҳамёза кашид. Ба бадани арақкардааш насиме расид. Боз худро каме дарун кашид ва акнун фикр мекард, ки чӣ бояд кунад. Ягона чизе, ки дар ин чанд рўз ёд гирифт ва аз дасташ меомад, дуздӣ буд. Ў тарҳи хомакӣ кашид, ки бояд аз гандуми хирман бардошта барои он кўдаконе, ки надидаасту дилаш месўхт, барад. Боз ба хирманкўбон диққату гўш дод. Онҳоро хоб рабуда буд... Ва баъд хост, ки ба некии онҳо (ҳамин тавр фикр мекард ў) носипосӣ кунад. Ў бархест, вале дилаш мадор накард: тапид, суст шуд ва ўро бемадор кард. Ин аз тарс буд. Аз тарси ин марди ҷиддӣ, ки дар як рўз як даҳан ҳам гап намезанад. Бо вуҷуди он барои имтиҳон Сабо бархеста аз хирман берун шуд. Баҳона карда дашт рафт. Гўё говони наздик омадаро дуртар ҳай кард ва баъд даруни каппа рафта фўтаро гирифта омад, ки гандум бардорад.
Боз ба охурча омада нишаст.
— Ту хоб намекунӣ, Сабо? – ҳатто рўяшро нагардонда пурсид Ҳусен.
— Хобам намеояд, – паст ҷавоб дод Сабо.
— Фўтаро чӣ кор мекунӣ?
— Сарамро мебандам... – ба даст афтиданашро дониста дамаш фурў рафт ва баъди хеле вақт пурсид: – Чаро худат хоб намекунӣ?





