Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 328 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 328 аз 470 · 3 ноябри 2026

Сабо ба ҷои ҷавоб ба амаки Амон, ки гирди хирман зада, бандҳоро наздиктари хирман оварда мемонд, нигарист.
— Гуфтам-ку бардоштан гир, – маънии нигоҳи ўро дарёфта гуфт писарак.
— О, қурбони ту мешам, Ҳусен! – боз гуфт ў ва ба даруни хирман даст дароварда каф-каф гандум гирифта ва аз каф ба каф гардонда пуф ва нуқл карда рўи фўта мегузошт.
— Ин хел намешавад, Сабо! Дар пушти кўза табақе ҳаст, рафта онро биёр, гандум гирифта элпӣ бикун. Шамол нест, бод карда наметавонӣ! – гуфта боз гузашта рафт.
Сабо тозон рафта табақро оварда тез-тез гандумро пуф-пуф ва элпӣ карда рўи фўта андохтан гирифт.
— Э, э, духтар! Ду пиёла гирӣ мешавад!
— Ман ду пиёларо чӣ кор мекунам? – дастонаш раг кашида гуфт Сабо.
— Чӣ кор мекардӣ? Ба офтоба меандозӣ, об пур мекунӣ, даҳони офтобаро лой зада ба оташ мегузорӣ, гунгина мешавад, мехўрем...
– муфассал шарҳ дод писарак ва дид, ки духтарак аз бемадорӣ рўи замин фурў нишаст, боз гапашро давом дод: – Хоҳӣ, ки аз гушнагиву бемадорӣ намурем, ҳамин хел мекунем.

10

Имшаб чашми фалак кўр буд. Торик, ҳўб гардонда намешуд.
Онҳо хўроки шом хўрданд. Гунгина дар даҳони Сабо мазза дод.
Ў медонист, ки ин хўрок андарунаш гўшту нахўд ва намаку пиёз дошта бошад, болаззаттар мешавад, вале ҳоло ин гандуми дар буғ пухта аз хуштаъмтарин хўроки олам хуштар буд. Сабо башавқ хўрд, аз амаки Амон изо ҳам накашида хўрд ва баъд шикамаш ба дард даромад, хеста гирди хирман гашт. Ў ҳатто парвое надошт, ки имшаб чӣ хел ва дар куҷо хоб меравад. Амаки Амон чакманашро сари китф гирифта рўи хирман рафт. Дароз кашида чакманро ба болояш чўпонӣ гирифт. Ҳусен говҳоро аз хирман дуртар ронда сари хирман баргашт ва гўё ки масъалаеро ҳал мекарда бошад, «хў-ўш» гуфта монд. Баъд ба каппа рафта ҷомаи ҷандаашро овард.
Ў дуртар аз амаки Амон дили хирманро кофт, дар паҳлўяш боз як охурчаи дигар кофт ва ба Сабо фармуд, ки даромада хоб кунад.
Сабо аз ин рафтори нодида ҳайрон буд, худи Ҳусен дар охурчае даромада хоб кард ва ҷомаи ҷандаашро ба ў дода «Ма, ба болоят гирифта хоб кун» гуфт. Сабо ба охурча даромад, даруни хирман гарм буд, ҷомаро ҳам ба рўяш нагирифт. Ў духтарбачча бошад ҳам, дар дил ягон гумон ва ҳаросе надошт. Баръакс рўболо хобида ситораҳои зиёди осмонро, ки гўё бо атру пахта рўи онҳоро беғубор карда бошанд, тамошо мекард. Бисёр буданд ситораҳо ва бо таҷаллӣ ва чашмакзаниҳо касро ба хаёл мебурданд. Чунон хомўшӣ буд, ки Сабо ҳам намехост ягон савол дода шишаи ин хомўширо шиканад.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан