Вале Ҳусен хуб накард, ки ўро хоҳарам гуфт: акнун духтарак падарашро аз амаки Амон пурсида наметавонад, ки дар ҷанг дидааст ё на?
Офтоб ба сари кўҳи сурхи Чилдухтарон расида, андаке нафаси гармо гашт. Насим вазида ва акнун аз зери суми говон чанги талхи коҳ бархоста, димоғи касро мехорид ва сурфа меовард. Сабо, ки ниҳоят ташна монда буд, ду-се бор «ҳўб, хўб!» гуфту аз хирман баромада ҷониби хаскаппа рафт, то об хўрад. Гумонаш, говҳо баромадани ўро надида, ба сари худ гаштан мегиранд. Лекин говон баробар бозистода фўкҳо ба хирман халонда дон мехўрданд.
Сабо ба ин аҳамият надода аз кўза ба дўлча об гардонда нўшид ва баробари дод задани Ҳусен об дар гулўяш дармонд.
— Ту чӣ кор кардӣ?! – гуфта ҷониби хирман тохт ва гапи аз амаки Амон ёд гирифтаашро гуфт: «Ҳозир гандум аз тилло ҳам қимат меистад! Ту чӣ кор кардӣ?!» ва химчаро гирифта ба сағрию тахтапушти говҳо зада фарёд кашид: «Чу! Бош! Ҳўб!» ва баъд фарёду дўғи ба духтарак задааш аз ёд рафт, ки ду-се бор сахт-сахт «Бош-бош!» гуфта, ба сурудан даромад:
«Дар чаман най мекашидам, хирмани гул дар гирифт, Ҳайфи рўи баччагиям чанги хокистар гирифт!»
Сабо сари хирман рост истод, то писарак боз сарояд, вале ў магар фақат барои овозашро ба духтарак фаҳмондан буд ва ё дигар суруд намедонист, ки бас кард. Аммо духтарак баумед меистод.
Хеле вақт гузашт: қариб ки офтоб ба паси кўҳи сурх меғелид, вай охирин гармияшро ҷамъ карда ба хирманҷо пошид, вале писарак хомўш буд. Ў ба андеша рафта буд, бемадор барин аз думи гов дошта мерафт. Сараш хам буд, гўё қадам мешумурд... Аммо Сабо намедонист, ки ў дар бораи чӣ фикр мекунад. Шояд аз ваҷҳи рўзгорашон, шояд дар бораи амаки Амон ва ё бошад, ки дар бораи худи Сабо ва дар бораи ин ҷо мондану намондани ў? Агар инро худи Ҳусен надонад, Сабо ба фикр кардан ҳам наёбад.
— Сабо, дар он ҷо як миёнбанд ҳаст, ҳў дар чўби каппа, ҳамонро гирифта биё! – гўё давоми сурудашро гуфт Ҳусен.
Сабо гап назада ҷониби каппа рафт ва аз танаи чўби каппа фўтаи сурхеро гирифта, сари даст алвонҷ дода пурсид: «Ҳамин?».
— «Ҳа» – сар ҷунбонд писарак.
Сабо фўтаро бурда вақти давр гаштани ҳўбу писарак ба ў дароз кард.
— Не, ба ман лозим не, шину гандум тоза карда гир.
— О, қурбони ту мешам, Ҳусен! – аз шодӣ дилаш гуп-гуп зада гуфт духтарак. Аммо писарак, ки аз паси говон ҳўб гашта, дур рафта буд, сухани ўро нашунид. Сабо то даври дигар гаштани писарак гандум набардошта ба ў дида дўхт, ки чӣ писараки хуб аст.
— Чӣ нигоҳ карда истодаӣ?! – хитоб кард Ҳусен.





