Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 326 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 326 аз 470 · 3 ноябри 2026

Гўё мардак гумони ўро фаҳмида панҷшохаро гирифта гирди хирмани парешонро дарун заданӣ шуд. Сабо ба кори ў диққат дод. Амаки Амон нўки дастаи шохаро аз зери каши чап ба пас гузаронида ва аз байни дастаи шоха бо панҷаҳои пурқуввати дасти рост дошта хеле сабук ва осон хўша ва паяҳои нокўфтаи гирди хирманро рўи хирман – зери пои говон партофтан гирифт. Баробари дасти рост дасти мундаи ў кор мекард ва дастаи шохаро сахт медошт. Сабо ҳайрон менигарист. Ў истод-истоду якбора тохта рўи хирман шуд ва баробари Ҳусен аз паси ҳўб гирд гаштан гирифт.
— Ба пойҳоят хор мехалад, духтар, – дилсўзона гуфт амаки Амон.
— Ба пойҳои ман хор таъсир намекунад, амак!
— А?! – ҳайрон шуда ба духтарак нигарист мардак ва баъд ба Ҳусен рў овард: – Ин чӣ хелин хоҳар?
— Чӣ хелин хоҳар? Хоҳар! – хандида гуфт Ҳусен.
— Чӣ хелин, ки ба пойҳояш хор намехалад?
— Аз рўзе ки шудааст, пояш пойафзол надидааст.
— Ҳа-а, – гўё акнун маъниашро фаҳмид мардак ва боз савол ёфтанӣ шуда хомўш шоха задан гирифт.
— Набошад, ту ҳўбро гардондан гир, ман банд мепартоям,
– гуфта говронаро ба Сабо дод Ҳусен ва аз хирман баромад: – Банд партоям, амак? – пурсид аз амаки Амон ва иҷозат гирифта бандинаи бандеро кушода пеши пои говҳо андохт. Говҳо духтаракро писанд накарда гардан хам карда аз банди нав ба хирман партофта якдаҳонӣ гирифтанд ва бандро пахш карда гузаштанд, вале Сабо, ки ба ин корҳо одат накарда буд, пояш ба банди лағжонак надошта, лағжида ба даҳон зад, касе набинад, гуфта, парида хест.
Ҳусен бандро пеши рўяш дошта хандид. Сабо гумон кард, ки онҳо афтидани ўро надиданд, говро сахт говрона зад.
— Шохаш-ба зан падарлаъната! – хитоб кард Ҳусен ва хандаашро дошта натавонист. Худи Сабо ҳам хандид, вале амаки Амон ба кори худ фурў рафтаст, ки аҳамияте надод.
«Шав-шув-шав» садо медод пойҳои говон ба пояю хўшаҳо бархўрда ва баъд аз паси онҳо садои шикастани пояҳо меомад.
Хомўшӣ шуда буд, ки Сабо ба ин чиз аҳамият медод ва зуд-зуд дар дил такрор мекард: «Акнун ҷоямро ёфтам, дигар дуздӣ намекунам, ҳамин ҷо гандуми хушк хоида меҳнат мекунам...»
— Сабо, монда нашудӣ? – якбора хаёли ўро гурезонд Ҳусен.
— Не! – ҷавоб дод Сабо ва говрона ба пушти говон зад.


Хирманкўбӣ ба Сабо маъқул шуд. Барои он ки рўзаш беҳуда
намегузарад, як пиёла оби ҷўш мехўрад ва бештар барои он ки роҳи омади падараш аз ин ҷо равшантар метобад.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан