— Гуфтам-ку, ман Сабо ҳастам, духтари милиса. Лекин ту кистӣ?
— Ман Ҳусен.
— Донистам Ҳусен, лекин писари кӣ? Аз куҷо? Чаро ман туро намешиносам?
— Ман ҳам туро нашинохтам-ку!
— Барои он ки мо аз ин ҷо кўчида рафта будем.
— Мо ҳам ба ин ҷо нав кўчида омадем!
— Аз куҷо?
— Аз Работ.
— Падарат чикора?
— Полон медўзад, – гуфта каме шарм кард ва баъд шарҳ дод,
– барои харон полон медўзад.
— Пуф, – баландназарӣ кард духтар ва аз ин рафтори ў қаҳри писарак омад.
— Чӣ «пуф»? Дигарон аз падари ман зиёд ҳастанд?
— Ҳозир полон ба кӣ лозим? Ҳама харҳоро фурўхтаанд.
— Магар харро бе полон мефурўшанд?.. Духтарак, ту маҳмаддоноӣ накун, хезу ба роҳи омадаат рав.
— Не, ман намеравам. Амаки Амон меояд, гандум мепурсам, баъд меравам.
— Гуфтам-ку, худатро овезӣ ҳам, амаки Амон як дона гандум намедиҳад.
— Медиҳад, вай ту барин не.
— Намедиҳад, худатро кушӣ ҳам, намедиҳад.
Болои ҳамин гап марде аз ҷониби деҳа адирро рост шуда омад.
— Ана амаки Амон меояд, – гуфта Ҳусен парида хест ва говронаро гирифта ҷониби говҳо тохт. Амаки Амон сари хирман нарасида Ҳусен говҳоро ҳай карда омад.
Ҳусен ба гўши амаки Амон чизе гуфт, ки вай ҷониби хаскаппа нигарист ва сар ҷунбонд. Ва худи Ҳусен баҳонаи об карда тозон ба каппа омада кўзаро каҷ карда ба дўлча об гардонд ва дўлчаро пеши даҳон бурда гуфт:
— Ман ба ў гуфтам, ки ту хоҳари ман мешавӣ. Фаҳмо?
— Ҳум, – оҳиста ҷавоб дод духтар ва баробари бархеста сари хирман рафтани Ҳусен Сабо низ бархеста рафт.
— Ҳоло ин хоҳарам мешад гўй, – баъди саломи духтаракро алек гирифтан гуфт амаки Амон.
Ҳусен туфашро қулт бурда сар ҷунбонд.
— Нағз... – гуфт мардак ва шохаро гирифт, то гирди хирман занад.
Амаки Амон марди якдаста: дасти чапаш аз оринҷ поён нест.
Куртаи хокиранги саллотиаш аз оринҷ қат гардонда бастагӣ.
Вале худаш тануманд ва хеле боғайрат метобад. Сабо ҳайрон, ки ин мардаки якдаста чӣ хел гирди хирман мезада бошад.





