Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 324 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 324 аз 470 · 3 ноябри 2026

«Ин духтарак як шаклу шамоили дуруст надорад, боз дағалӣ мекунад, – аз дил гузаронд ў, – қоқи мурданӣ, нўки биниаш ҳам чок...»
— Дигар касе надорӣ? – яке пурсид писарак аз духтарак, ки зери забонаш луоб бароварда нонро хўрам ё нахўрам гуфта меистод, ба ҷои ҷавоб сар ҷунбонд. Ва писарак надонист, ки чӣ хел нонро аз пеши ў гирад.
— Меравӣ? – пурсид писарак.
— Не, – луоби даҳонашро фурў бурда гуфт ў, – ман мехоҳам ба ту ёрӣ диҳам.
— Туро гум намекунанд, намеҷўянд?
— Кӣ?
— Модарат, хешовандонат!
— Не... Ман касе надорам.
Ба дили писарак раҳм омад ва ин дафъа нонро наздиктари духтарак тела дода боз меҳрубонӣ кард:
— Набошад, гир хўр, гушна будагистӣ.
— Не, ман гушна нестам. Фақат як илтимос дорам, иҷро кунӣ, аз гапат намебароям.
— Ку, бигў!
— Ба ман ду-се кило гандум те...
Писарак ҳайрон монд ва чӣ ҷавоб гуфтанашро надонист.
— Барои худам не, барои кўдакони Мизроб-муаллим, барои Наташа.
— Ин кори намешудагӣ, хиёнат...
— Барои чӣ? – худро хеле ҳайрон гирифта пурсид Сабо.
— Амаки Амон мегўянд, ки ҳозир дар ҷаҳон аз гандум чизи қиматтар нест ва агар донанд, ки...
— Абдулло-селпо низ чунин гўяд, вале зани Мизроб-муаллим мегўяд, ки дар ҷаҳон аз одам чизи қиматтаре нест. Ба кадоми инҳо бовар мекунӣ?
Писарак китф дарҳам кашид, мазмун, ба ҳалли чунин масъалаҳо қувваташ намерасид. Аз каппа хасеро кашида чанд бор шиқ-шиқ шикаст ва ранги калонсолон, ки дар ҳалли муаммое монда бошад, «ҳум» гуфт.
— Намешавад-а? – ҳалли масъаларо тезонданӣ шуд Сабо.
— Не, намешавад. Агар амаки Амон фаҳмад, туро аз миллаат меовезад ва маро аз поям.
Дар ин миён раҳми дили писарак барҳам хўрд ва пойҳои қоқу сиёҳу бараҳнаи духтарак ба назараш шумтар намуданд. «Хез, зудтар дафъ шав» дар дил гуфт писарак ва сари забон такрор кардан гирифт, то якбора гуфтанаш осонтар шавад. Вале баногоҳ аз даҳонаш дигар гап баромад:
— Ту ҷўгидухтар нестӣ?

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан