Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 323 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 323 аз 470 · 3 ноябри 2026

Писарак бархоста говронаи дарозро бардошта омад ва говҳоро аз хирман ронд ва ба духтарак нигарон истод.
«Ҳа!» ишораи сар кард Сабо.
«Ҳеҷ чиз!» китф дарҳам кашида хомўш ҷавоб гардонд писарак ва баъд гунг барин боз ишора кард: «Кистӣ?»
Духтарак ба ду тараф сар ҷунбонд, вале писарак нафаҳмид.
— Чӣ мегўӣ? – ба забон омада пурсид писарак.
— Ҳеҷ чиз.
— Ин ҷо чӣ кор мекунӣ? – ҳоло ба саволҳояш ҷавоб нагирифта боз пурсид писарак.
— Ҳеҷ кор, дидам, ки говҳо хирманро мехўранд, омадам.
— Аз куҷо дидӣ, ки...
— Ана аз ҳамин ҷо, – гуфта ў хаскаппаро нишон дод ва зуд гапро дигар кард. – Ту худат танҳо кор мекунӣ?
— Танҳо не, ҳамроҳи амаки Амон.
Духтарак баъди ин ҷавоб хеле хомўш монд ва чӣ гуфтанашро надониста интизор шуд, ки писарак ба ў чӣ мегуфта бошад.
— Росташро гўй, ин ҷо кор мекунӣ?
— Роҳи падарамро мепоям.
— Падарат дар куҷо?
— Дар ҷанг.
Писарак хеле хомўш монд ва баъди муддате пурсид:
— Падарат кӣ?
— Милиса.
— Ўҳў-ў!
— Чӣ ўҳў?
— Одами зўр будаст.
— Ана барои ҳамин ман катӣ дониста гап зан... об дорӣ?
— Дорам... – гуфта писарак ҷониби каппа рафт, вале духтарак аз ҷой наҷунбида рост истод ва писарак ўро ҳаросида пиндошта даъват кард: – Натарс, биё об хўр!
— Ҳамин ҷо биёр!
Писарак ҳам сухани ўро нашикаста ба дўлча об гардонда овард.
Духтарак росто обро даркашида бепарво дўлчаро ба писарак дароз кард. Вале миннатдорӣ фаромўш шуд.
Писарак ҳайрон буд, ки ин чӣ хел духтарак бошад.
— Биё, бишин!
Сабо ин дафъа сухани ўро нашикаст. Магар чунин даъватро нигарон буд, ки хомўш ба каппа рафт ва баробари даруни хаскаппа шудан «Хайр, то омадани амакат» гуфт.
— Шиштан гир, амаки Амон одами нағз...
Писарак ҳар чӣ дошт, назди духтарак гузошт: ним нон ва як дўлча об ва баъд ба афту сару рўи духтарак нигарист ва аз карда пушаймон шуд.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан