Писарак бархоста поҷомаашро ҷо-ҷо дошта ҷафид, куртаашро пўшид, сари говҳоро ба адир рост кард ва баъд ба кўза об гирифта аз паси говҳо сарболо шуд.
Сабо аз паси харсанг ҳамаи рафтори писаракро дид ва гумон кард, ки ў хеле роҳат кард. Ў ҳам беихтиёр баробари писарак аз ҷой хеста чӣ коре карданӣ шуд, вале худ надонист, ки чӣ кор аст ва ҳамин ки писарак аз хамгашти болои осиёб пинҳон шуд, Сабо ҳам бар-бари адир ўро пай гирифт. Дида-дида мерафт ва чун писарак аз таваккал ҷониби ў нигоҳ кард, таппӣ ба замин менишаст.
Писарак рафт-рафту сари говҳоро ба гандумпая гардонд ва кўзаро сари китф бардошта сари хирман рафт. Сабо паси буттаи гулхоре нишаст. Писарак даруни коза даромада аз кўза ба дўлча об гардонда нўшид ва боз латтаи тарро ба даҳони кўза хаста дар сояи каппа гузошт ва баъд даруни каппа даромада дигар набаромад. Сабо яқин кард, ки ў танҳост ва дам мегирад. «Равам ё наравам?» ба худ савол мекард духтарак. Дергоҳ фикр кард ва сонӣ аз паноҳи буттаи гулхор баромада пештар рафт.
Баландтар аз каппа ғарами бандҳои гандум меистод. Хирман ранги моҳ гирд ва сафед буд. Дар ин рўзи равшан баландии Лалм хомўшие дошт. Фақат зиллаҳо аз тафсои тамуз шикоятомез «зузу», мегуфтанд. Гўё офтоб бо сўзанҳои зарринаш ба танаи нозуки ин ҳашара мехалид ва онҳо тоб наоварда фарёд мезаданд. Дигар ҳама ором буд. Ва боз нафаси гарми офтоб ба адир зада баргашт ва баъд насими дара онро пеш андохта ба куҷое бурд. Ростӣ, агар ҳамин насим набошад, гўгирд занед, ҳаво дармегирифт.
«Равам ё наравам?»... Аз таваккал тамоми ғайрат якҷо карда дуздона қадам монда то назди каппа рафт ва писаракро дар хоб дида, нигарон истод. Ў метарсид, ки писарак бедор шавад, ба ў чӣ мегўяд.
Говҳо ба хирман наздик шуданд. Духтарак рафта гардонданӣ шуд. Аммо ҷуръат накард. Ва инро баҳонаи хуб дониста аз паси каппа фарёд зад:
«— Эй!.. Эй бачча!»
Вале писаракро сахт хоб бурдааст, ки бедор нашуд.
«— Эй, – баландтар дод зад ў, – эй бачча!!»
Писарак парида хест.
— Натарс! – гуфт духтарак ва писарак ўро нашинохта ва ҳоло чашми хоболуд дуруст накушода, Сабо баҳонаи нағз ёфт: – Говҳо хирманро хўрданд, Писарак ё хоболуд буд ва ё ин духтаракро аҷина пиндошта карахт шуда монд.
— Чӣ нигоҳ дорӣ? Говҳо хирманро хўрданд.
Писарак боз ҷавоб надод ва духтарак «Бош! Бош, шохат шиканад, бош!» гўён ҷониби хирман тохта говҳоро ронданӣ шуд, вале тираш хок хўрд! Говҳо ўро писанд накарданд, фўк фурўтар дода, сар аз наҳорӣ набардоштанд.





