Ҳарчанд дар ин сари теппа паноҳгоҳе набуд, ў худро дар паноҳи зонуҳояш пинҳон кардан мехост. Дер гоҳ нигарист ў. Ва аз деҳа саворе берун омада хотири ўро ҷамъ накард. Сабо хуб тамошо кард.. Ў аввалин бор ин водиро аз баландӣ дид ва донист, ки ин қадар зебоиҳо доштааст, вале ҳайрон мемонд, ки аз мўрии ошхона ва ё ҳавлии касе дуд намебарояд. Ё дар деҳа касе намонда ҳама ба кори саҳро баромадаанд, ба ҷанг рафтаанд ва ё сабаби дигаре дорад. Баъд ў аз байни ҳавлиҳо ҳавлии Мизробмуаллимро ҷустуҷў кард. Дарахти чормағзи баландро дид. Яқин кард, ки дар зери он дарахти азим занаки аз дари Абдулло-селпо ноумед баргашта ва фарзандони ў зиндагӣ мекунанд. Боз чанд вақти дигар ин дарахтони азим кўдаконро аз гуруснагӣ наҷот медиҳад. «Бош!» аз пас садое омада хаёли Саборо парешон кард.
Сабо ба он тараф нигоҳ накарда гуреза барин дароз кашид, ки касе бошад, ўро набинад. Ў ба замини тафсон ва сахт парчин шуд ва баъд оҳиста сар боло кард, ки ин кас кӣ бошад. Ў чаҳор барзагов ва як баччаякро дид. Говҳо аз роҳи борик нишеб мерафтанд, вале писарак ўро дидааст, ки говронаи дарозро сари китф гузошта ва кўза дар даст сўи вай нигарон меистод. Духтарак боз сарашро хам кард, ки писарак гузашта равад, вале ҳеч ки равад.
Гўё дидаю дониста ўро нигарон меистод. Сабо аз сари адир паспас лағжида худро паноҳ кард. Ва ҳамин ки сар бардошта ўро надид, бархоста бар-бари адир ҷониби харсанг тохт. Паси харсанг шуда нигарон истод ва гумон кард, ки писарак ўро ҷўё шуда меояд. Ва баъд чанд муддат говҳо паҳлўи осиёбро гузашта лаби об фаромаданд. Яккаш об хўрда, қоматашонро рост карда, нафаси дароз бароварда, хастагиро аз бадан рафъ карданд ва баъд гўё ки баданашонро то ин вақт дар оташ тофта бошанд, даруни об шуда росто ба кафша даромаданд.
Вале писарак набуд. Сабо аз буни харсанг нигоҳ карда ўро пайдо карданӣ шуд. Ва яке писарак пойҳояшро базўр кашола карда ба лаби об фаромад. Рост то байни об зада рафт. Кўзаро ҳам даруни об гузошт. Сабо дид, ки писарак бараҳнапост. Хам шуда дастонашро даруни об фўрў дод ва муддате беҳаракат истод. «Оташи роҳ», ки пойҳояшро сўхта буданд ва сабаби аз говҳо ақиб монда омаданаш ҳам ҳамин ки буд, якбора тафсои пойҳояшро рафъ карда дам гирифтан мехост. Писарак истоду истод ва яке нафаси дароз кашида ҳаловат бурд ва баъд каф-каф ба сару рўяш об пошидан гирифт. Тоқии нимдошти пўпакаш кайҳо рехта рафтаро аз сар гирифта рўи санг гузошта, ба моломол даромад.
Ҳай молид сару гарданашро ў ва баъд қоматашро рост карда атрофро аз назар гузаронд, куртаашро кашида, болои кўза гузошт ва худро даруни об зад. Як қоматашро бардошта дубора ба об хоб кард ва дергоҳ наҷунбид: рўболо гашт ва то даме, ки осиёбон баромада «Говҳоро аз ин ҷо гир, ҳамаро ҳаром мекунанд» нагуфт, аз даруни об нахест.





