Вале чун садо дигарбора такрор нашуд, Сабо ташнаи шунидани ин овоз барқсифат ба ҳаракат омад, то падар бинад. Касе набуд.
Ва ў ҳам нафаҳмид, ки ин хоб буд ё бедорӣ, садои падар буд ва ё гўшҳояш ҷеғ заданд. Ба ҳар навъе ў сахт мехост падарашро бинад, ақаллан як бор, як дидор... Муддаои дил гуфта натавонад ҳам, як назар бинад... Боз ғамаш он ки дар бораи писарони Ойша-кампир аз падар пурсону ҷўё шавад.
Сабо намедонист, ки чаро ин қадар пазмони дидори падар шудааст. Шояд ҳолати зани Мизроб-муаллим ва кирдори Абдулло-селпо ўро ба ин ҳол оварда бошад? Ҳа, Сабоҳат ин чизро ҳам ба падар гуфтанист. Ў – милиса. Ин корро дида сомон карда тавонад.
Боз дили Сабо тапад, ба пушт ва сўи сина занад. Мисли мурғе, ки нав ба дом афтода бошад, худро ба ҳар сў занаду тапад. Вай ё тапида-тапида аз синаи соҳиб бурун омаданӣ ва ё соҳиб аз ин вайронаҳо, аз охурҳо, аз торикиҳо байни мардум оварданӣ, ба олами равшан бароварданӣ. Ва баъд чунин ҳаракати дили ў ба духтарак гузашт, мағзи сари ў кор кард. Худи ў низ талвосаи байни мардум кард. Вале боз ба андеша рафт: «Ба куҷо? Чӣ хел?
Бо кӣ маслиҳат бояд кард?» Ва боз аз фикраш гашта сангпуштвор гардан фурў кашид. Фикрҳои мухталифе ба сараш омаданд.
Майнааш гиҷ шуд. Гўё байни кўрдуде монда, нафасгирӣ душвор гашта, дарро во кард...
«Сабо, ҳо Сабо!» – яке аз байни дуди ғализ ин садо ба гўш хўрд. Мисли оҳуе, ки аз омадани сайёде хабар ёфта бошад, гардан ёзонда ба атроф гўш дод. Зуд не, дертар фаҳмид, ки ин кори гўшу майнааш будааст... Сар афшонд. Мўйҳои даққиаш, ки намадча шуда ба сар часпида буданд, базўр ҷунбиданд. Ў сар афшонда-сар афшонда худро ҳушёр кардан хост. Аз ин ҷо ба сўи боғи Абдулло-селпо нигоҳ ҳам кард. Ба роҳи калон баромад. Ва дуру дароз сўи осиёб нигарон истод. Ва якбора рў ба адир оварда башитоб сарболо шуд. Ба осиёб ҳам надаромад, ба рўи харсанг ҳам нанишаст, рост болои теппаи баланди Лалм баромад. Аз ин баландӣ, ки тамоми ҳавлию хонаҳо, дашт, роҳи миёндаштӣ, рафтуомади одамон ва ҳатто аз кадом мўрӣ баромадани дуд баръалония менамуд, рафтан ва бозомадани милисаро дидан мехост. Чун Сабо ба лаби теппа наздик шуд, қомат хам гирифт, то касе ўро набинад ва нашиносад. Ў худро ғунча карда рў ба деҳа, аниқтараш, рў ба рўи роҳи калон нишаст ва дид, ки ин водӣ чӣ зебост, махсусан морпеч рафтани шохобҳои Зарафшон, ки симоби гарм метобад.
Чунин зебоиро монда, чу кўршапарак дар оғилҳо ҷо шудани ў аз рўи инсоф нест. Сабо боз бештар ба доманаи деҳа нигарист, ки марди ўро ҷеғзада меравад ва бештар умедвори он буд, ки милиса
– худи Назири сиёҳ аз ин роҳи дароз асп монда омада ўро мебарад.
Хаёлаш ба вуҷудаш чӣ таъсирие кард, ки мисли сангпушт гардан фурў кашид.





