Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 319 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 319 аз 470 · 3 ноябри 2026

гуфт, аммо рўяш хандад ҳам, дилаш тап-тап мезад, то ин «саги гургошно» «ҳаф» зада аз банди пояш нагирад. Саг андаке гардан каҷ карда гоҳ ба дасти пушти бар ва гоҳ ба чашмони Сабо нигарист. Мазмун, «бидеҳ, бидеҳ ба ман, гушнаам»
мегуфт. Аммо ба дили Сабо дигар ният омад, ки дастон пушт бурда ҳар се кулўларо ба ҳам ҷафида якбора пушти бом партофт. Саг ҳайрон-ҳайрон ба духтарак нигарист ва аз хомўшии ў чӣ хулосае баровард, ки қади хона тохта, ба боло нигоҳ карда, роҳ ҷуст. Сабо таҳлука ва ташвиши зиёди сагро дида: «Вай кулўх буд, санг буд»
гуфта вайро ором карданӣ шуд. «Ин ҷо биё, ма, ошно, аз ягон ҷой ҳамроҳ шикамамонро сер мекунем» гўён даст ба болои сари саг бурд. Саг чашм ба дасти ў дўхта дум ликконд. Баъд Сабо сар, гўшҳои бурида ва гардану тахтапушти Алоро сила кард. «Ту агар «одамгарӣ» кунӣ, мо ошно мешавем. Ман ба ту ким-чиҳо ёфта меоям...» гўён Сабо гардани сагро оғўш карда, паҳлўяш нишаст.
Дар ин пагоҳи серун аз бадани саг гармӣ ҳис кард: «Рав акнун, ҳар вақте ки садои ҳуштаки маро шунидӣ, баро...» гўён Сабо пас-пас рафт.
Саг ба ў нигоҳ карду дум ликконд. Фақат забон надошт, ки бозхостҳояшро ифода кунад...

9

«Сабоҳат-ҳо-оо, Сабоҳат!» – садое омад. Сабо ҳайрон шуд.
Овози падарро монад. Ё ин рўз ва ин садоро дербоз нигарон буд.
Мисли духтароне, ки дар афсонаҳо шаборўз роҳи омади падар ва маҳбуб бонӣ кунанд: рўи харсанги адири болои нови осиёб баромада, чашм ба роҳи дашт дўзад ва лаҳза ба лаҳза ба пайроҳаи тангно нигарад, ки падараш савори аспи сафеди зарринёл аз он ҷо меомада бошад. Ин як афсонае, ки ў медонад. Дигараш афсонаи «Модарандар», ки холо ба ягон кас ҳикоят накардааст... Ба ҳар ҳол гурезогурез ва мисли шабпар рўз гузаронидан ба дили Сабо задааст: ҳолиё рўшод гашта худро ба мардум нишон додан хоҳад ва дурусташ, ҷои он марди даштбонро, ки рўзи аввали омаданаш ба дили духтар ҳамчун дузд ваҳм андохта буд, гирифта, роҳи падар бонӣ кунад. «Падарам меояд, падари аспсаворам меояд, падари ҷанговарам меояд» аз дил гузаронад ў, вале ба касе нагўяд.
«Беҳуда... ў занашро нағз бинад ва ҳазор гапи ман як пул. Беҳуда ман зани ўро ганда кунам. Хайр... Як бор биёяд, бинам, дарди диламро гўям, баъд ҳар чӣ шавад, шудан гирад...»
«— Сабоҳат... Ҳо-о-о Сабоҳат!»
«— Падари ман, падари аспсавори ман!» – фиғон кард дили ў ва ба сари девор ҷаҳид ва зуд худро ба паст партофт, ки бори дигар бо «модараш» Мастура рў ба рў накунандаш.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан