Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 318 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 318 аз 470 · 3 ноябри 2026

Худ аз худ фикраш ин тараф гашт...
Пояш сих зад, ки рўй турш кард ва латтаи бастаро хабар гирифт.
Бархоста берун баромад ва дарк кард, ки худ як оворагардест: рўзаш аз рўзҳои хонаи модарандар хубтар нест. Аммо чунин оворагӣ, сарсонӣ ва бенавоиро аз ҷафои модарандар беҳ донист. Хаёле аз фикраш гузашт, ки шояд падар дар суроғи духтар оворатар бошад.
Ў мисли касе, ки ҳуқуқи худро ба куллӣ дониста ва ҳимоя карда метавониста бошад, ин андешаро аз сар дур кард. Ҳатто бо як ғурур даст афшонд, ки одатан касони ҳамадон ва ҳамадида, ки аз фарҷоми корашон биме надошта бошанд, чунин рафтор кунанд.
Ў сар баланд дошта ба роҳ даромад ва чун ба дари ҳамсоя омад, худро паррехта ва болшикаста дарёфта мисли дузди навкор баданаш ларзид. Ба димоғаш бўи шири гарм расид...
Сабо пои дуздӣ боздошт ва аҳд кард, ки барои нафси худ дуздӣ накунад... Аз рою нияташ гашта, омада даруни намадпораҳо хоб рафт, азоб бошад, хобаш наояд ҳам, ноҷунбон хоб рафт... Баробари мурғон хест. Ҳоло ситораҳои осмон аз рўи пардаи нилўӣ паси ҳарири шаффофранг нашуда буданд. Насим мевазид. Садои оби шовахонаро пасту баланд ва дуру наздик меовард.
Сабо гиреҳи ордбаста ва гиреҳи шишарезаро гирифта беруни ҳавлӣ шуд ва лаби об фаромад. Қади сангоб як санги комадорро ёфта бар он хамир кард ва хамири як каф ордро се қисм карда ва рўи санг монда бо ангуштонаш баргсурат боз кард. Байнашон шишареза гузошта печонд. Байни кафҳо гирифта қурутосо лўнда кард ва зуд бархеста ба роҳ даромад. Аз назди дарвозаи ҳамсоя ҳаросидаву ларзида гузашт. Чун ба дарвозаи Абдулло-селпо наздик шуд, суст гашта гўш дод, ки сагаш бедор ё на. Садое нест.
Ба дарвоза наздик шуда оҳиста тела дод. Маҳкам. Пас гашта, аз дуртар писарона ҳуштак кашида, сагро ҷеғ зад: «ҳушт-ҳушт-ҳушт».
Саг наомад. Боз такрор кард. Боз саг ҷавобе нагардонд, на «ак»
гуфт ва на омад. Боз ҷеғ зад... Баъди хеле вақт касе дарвозаро кушод, аз ў пештар саг зада баромад. Мардак аз дарвоза берун омада, боз зуд даромад.
Саг буни деворҳоро бўй карда-бўй карда ҷониби духтарак омад.
«Ҳушт-ҳушт ҳушт!» боз ҷеғ зад духтарак.
Саг як сар бардошт ва то наздиктари Сабо тохта бозистод ва худро ошно нишон дода дум ликконд.
«Ма!» як лўнда хамирро партофтанӣ шуда даст пеш бурд, вале напартофт. Чашм, гўш, сар ва думи саг бозӣ карданд. Лаб лесид.
Духтарак пай бурд, ки саг гушна аст. Чанд қадам пеш омада як лўнда хамирро ба болои сари вай ҳаво дод. Саг чашм ба осмон дўхт, то аз ҳаво тўъмаро дошта гирад, вале чӣ шуд, ки Сабо ҷаҳида кулўлаи партофта аз ҳаво боздошт ва даст пушт бурда, ҳазломез «Боб кардам?»

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан