— Агар як каф орд диҳед, шуморо аз осиёбонӣ мегиранд, амак?
— Як каф орда чӣ кор мекунӣ, хамир нашавад, хўрда...
— Мехўрам, амак, ҳамту мехўрам.
— Набошад, як бурда нон медиҳам, – сар даруни дар кард осиёбон.
— Не, амак, ба ман як каф орд лозим, зиёд ҳам не, – як-ду кадам пеш омада гуфт Сабо.
— Ҷўгидухтар нестӣ?
— Ҷўгидухтарам.
— Ҳамту гўӣ, намешавад? – осиёбон рост ба сари хамма рафт ва хам шуда аз орди Абдулло-селпо як каф бардошта гуфт: – Канӣ, дар чӣ мегирӣ?
Духтарак лаби домани куртаи кўҳна ва хеле чиркинашро дошт.
Осиёбон ордро ба лаби домони ў рехту аз берун садои «Их!» гуфтани касе омад. Духтарак зуд аз дар баромад. «Боз биё, духтар!»
садои пасти осиёбон ба гўшаш расид ва хару Абдулло-селпоро шинохта, якрўя шуда ва бари домони доштаашро паст карда гузашт.
— О, духтар! Туро саги мо нагазида буд? – пурсид Абдуллоселпо.
— Не, – туфта ба сангпарҳо наздик шуд духтар.
— Ҷўгидухтар мегўяд, – ба ў фаҳмонд осиёбон.
Сабо ба гапҳои онҳо аҳамият надода, сар-сари сангпар аз об гузашта бо роҳ нишеб шуда рафтан гирифт. Тез рафт, то кӣ будани ўро нашиносанд.
Сабо вақте баргашт, ки дар назди осиёб касе набуд.
8
Ў шишарезаи дар латтапорае ҷамъ кардаашро аз токча гирифта дар зери равшании шафақи офтоби ғуруб, ки зардиаш дар қуллаи дури кўҳи баланд боқӣ буд, аз назар гузаронда ба орд ҳамроҳ кардан хост, вале чӣ фикре ба сараш омад, ки даст боздошт ва баъд худ аз худ ба гап даромад: «Ҳозир саги ў сер аст, бўй мекунаду намехўрад. Беҳтараш, саҳари барвақт...»
Андешаҳояш Саборо калонсолтар нишон доданд. Ў гўё душмани пуриқтидоре дошт ва барои нобудии вай нақшаҳои зиёде мекашид ва саъю кўшиши бисёре мекард. Вале чӣ шуд, ки кори асосиро ба фардо гузошт ва ҳоло ғами шикамро хўрданист: «Нафс
– бало» гапи аз калонсолон ёдгирифтаашро такрор кард. Баъд андаке ором шуда биандешид, ки куҷо равад. «Чаро Абдуллоселпо барин «буққаҳо»-ро ба ҷанг намегиранду акаи Рауф барин беҷонакҳоро мебаранд?».





