Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 316 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 316 аз 470 · 3 ноябри 2026

Ва пораҳои дигарро бо кашшакҷорўб ба буни девор рўфт. Пас гиреҳро пушти сутуни дарвозахона ниҳода, роҳи рафт гум, ҳайрон монд. Оҳиста-оҳиста дар қафаси сина ҳубобе пайдо шуд ва кам-кам боло омада гулўяшро гирифт. Вай беихтиёр гулў молид. Магар дар хаёлаш воқеаеро дид, ки «ма, гир, хўр» гуфта табассум кард. Ва худ ба худ ба гап даромад: «Ҳум... Ин ҷо будани маро кампири Ойша, ки донист, дигар ҳоҷати руст шудан нест... Садқаи сарам, гап кунанд, кардан гиранд. Лекин ҳозир ба ман як каф орд лозим».
Дили духтар ба танг омад. «Як каф орд, амак!» гўё аз осиёбон пурсид Сабо. Аз об гузашта то назди дари осиёб рафт ва мисли ятимони гарданкаҷ дасти тамаъ пеш ёзид ва аз чунин ҳила завқ бурда, табассум кард. Боз ҷиддӣ гашта, пурсид: «Як каф орд, амак!» Ҷавоб нагирифт, балки садои дигар омад:
— Магар як ҷувол гандум як ҷувол орд мешавад?
— Ба хаёли ту чанд ҷувол мешавад?
— Майда, ки шуд, зиёд намешавад?
— Кам шуданаш мумкин.
— Чӣ хел?
— Чанг мешавад, ба камар мерезад...
— Ин хел бошад, орди камарро мегирем.
— Ҳоло ҳаққи осиёро ҳам намедиҳам гўй...
Сабо пай бурд, ки бо осиёбон Абдулло-селпо баҳс мекунад.
Вақте ки хомўш монда майли хестан карданд, Сабо паси осиёб гузашта сари нов баромад. Истоду истод. Абдулло-селпо аз сангпари назди осиёб гузашта ба тангкўча дохил шуд. Сабо тозон фаромада ба дари осиёб омад.

7

— Ассалому алайкум! – даҳони дарро гирифта гуфт духтар.
— Ваалайкум! – кўтоҳ ҷавоб гардонд осиёбон ва ба дар наздик омада гуфт: – Нашинохтамат, духтар.
— Шумо мана надидад, намешиносед, амак...
— Аз куҷоӣ? Духтари кӣ мешавӣ?
— Ба ман як каф орд лозим, амак. – Иддаояшро гуфт Сабо.
Осиёбон гапи аз дилаш гузашта: «Як каф орди бекор дар куҷост»-ро гуфта натавониста боз ўро донистанӣ шуда пурсид:
— Туро кӣ фиристод?
— Ҳеҷ кас, худам омадам... Ба ман як каф орд лозим.
— Ман орд надорам, духтар, ин бору муштақҳо аз они мардум,
– аз дари осиёб берун омада гуфт пирамард.
— Хайр, як каф, амакҷон, баробари як қурут хамир шавад, бас, – зоринамо ба таги манаҳи серриши мардак наздик шуда гуфт духтарак ва равшан дид, ки мардак ягон ҷозибае надорад, шафақи чашмонаш парида, риш, мижгон ва абрўву торҳои мўи аз зери саллаи ўбада баромадааш аз гарду чанги орд наметобанд.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан