Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 315 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 315 аз 470 · 3 ноябри 2026

Сабо ба пораи нон як нигоҳ кард ва худро беруни дарвоза гирифта сўзанро даруни пораи нон халонд, то саг набинад.
Саг ба дарвоза наздик омада бо пояш даричаро кушода сар берун овард.
— Ма, ошно, ма! – пораи нонро дароз кард духтар.
Саг гургона ба ў нигарист. Чашмонаш бозӣ карданд, ғазаб доштанд, вале гургошноӣ мекарданд:
— «Мо акнун якдигарро мешиносем, ма!» – духтарак нонро ба рўи роҳ партофт.
Саг аз дарвоза берун омада, нонро бўй кард, вале ба даҳон нагирифта, пурғазаб ба духтарак нигарист. Сабо гумон кард, ки саг сўзан гузоштанашро пай бурд ва инак пурғазаб якбора ба ў дармеафтад. Ў як қадам пас рафт. Ба назараш мўи бадани саг фахха шуд... Мўи Сабо ҳам рост шуд ва барои он ки сагро аз ҳучум боздорад, ларзида-ларзида гуфт: «Гир хўр, ҳа, медонам, ту сер...»
Саг забон бароварда кунҷи рости даҳон лесид. Ва духтарак ашки тези онро дид, пои маҷрўҳаш дард кард. «Гир хўр, охир, барои ту овардам, дар ин замон кӣ ба кас як газ нон медиҳад, гир хўр, набошад худам гирифта мехўрам».
Саг маънии гапи ўро фаҳмид, ки сар ҳам карда бурдаи нонро ба даҳон гирифт ва ба ду тарафи лунҷҳояш гардонда, гўё устухон мехоида бошад, фурў бурда наметавонист. Саг бурдаро гирд гардонду бо нўги забон чизеро берун партофт. Сабо дид, ки саг сўзанро ҷудо карда партофт. Даст бар рўй кашида худ аз худ паспас рафтан гирифт. Ва чун аз чашми саг ғоиб шуд, пушт гардонда гурехтан хост, вале пояш аз дирўза ҳам зиёдтар дард кард. Сараш ҳам дард кард. Пас буни девори тангкўча нишаста оби дида кард.
Ва зери оби дида андешаҳо дошт, то бо чӣ роҳ ин сагро нобуд кунад. «Саг бошад, надонад, ки одамӣ чӣ қасди сахт мекунад.
Хаёлаш, одам мисли вай беақл аст: як бор «ҳаф» гуфта мегазаду бо ҳамин ором шуда меравад. Не-е... Ман ту барин не. Мебинӣ, ман чӣ кор мекунам...»
Сабо ба хаёл рафт, то чӣ чора кунад. Бархоста ба ҳавлиашон омад ва бо азобе аз девор гузашта, зери айвон дароз кашид. Дарди пояш авҷ гирифт ва тоқат накарда, пойро каме бардошта ба девор такя гузошт.
«— Сабо, ҳо Сабо!» – аз беруни дарвоза садо омад. Сабо овози кампирро шинохт, вале ба садояш ҷавобе надод. Кампирак хеле ҷеғ зад. Аммо ҷавоб нашунида рафт.
Саборо чӣ фикре ба сар омад, ки бархоста аз токчаи айвон як шишаи равғанолуди сиёҳро гирифта, аз марза фаромад ва ба санги сиёҳи паҳлўи дарвозахона зада шикаст ва пораи онро гирифта рўи тахтасанге ниҳода, бо санги дигар кўфт. Майда кард ва пораҳои борику реға-реға ва нешдорро чида гирифт, ба латтапорае баст.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан