Яке пиразан хеста сари ҷогаҳ нишаст. «Ё оллоҳ!» гуфта оҳ кашид ва паст-паст шеван кардан гирифт. Лафзҳои димоғии ўро духтарак намефаҳмид. Фақат вақте ки номи писаронашро мегирифт, Сабо фарқ карда метавонист. Сабо хаёл мекард, ки бедардтарин одами рўи олам кампири Ойша аст. Вале ин дам, ки қиссаи шавҳару писарони ўро медонад, навҳагариашро мешунавад, раҳмаш меояд. Мехоҳад ҳамроҳи вай гиря кунад, вале... Ў чашм накушод, ки кампирак дида гап ҳамроҳ накунад. Вай боз як бор «Ё оллоҳ!»
гуфта бархост ва дарвозаро кушода берун баромад. Духтаракро воҳима пахш кард. Ў гумон кард, ки кампирак баромада рафт.
Аммо ў пас аз чанд дақиқа баргашта омада ба ошхона даромад ва дергоҳ аз он ҷо берун нашуд.
Дарвоза тақ-тақ шуд. Пиразан аз ошхона баромада сўи дарвоза рафт. Духтарак хавотир шуда хест. Кампирак зуд баргашт.
— Сабо, келини Қосимро дард гирифтааст, ман бояд равам.
Наметарсӣ?
— Не...
Баробари дамидани субҳ кампири Ойша баргашт. «Писар»
гуфт ў ва гўё қусури бедорхобиро бароварданӣ шуда боз рўи ҷогаҳ дароз кашид.
— Ту гушна? – пурсид аз духтар.
— Не.
— Чӣ хўрдӣ?
— Ҳеҷ чиз...
Кампири Ойша, ки дар латтаи сафед чизеро баста оварда буд, назди Сабо гузошт. Сабо нонро шикаста як газ гирифт, саросема фурў бурд, ки ҳиқ-ҳиқ кардан гирифт.
«Дар токча об» гуфта кампирак хоб рафт.
Сабо метавонист ҳамаи нонро хўрад, вале ибо кард. Як бурда гирифта таги сар гузошт ва латтаро ғундошта, ба токча монд.
Дароз кашид.
6
Сабо аз посутуни айвони Ойша сўзани чашмшикастаеро гирифта ва бурдаи нонро зери остин карда аз ҳавлии ў бадар рафт. Ва раҳораҳ фикри зиёде кард: агар лангида-лангида ба дари Абдуллоселпо равад, зани ў бинад, ўро мешиносад. Он гаҳ чун ба ҳавлии онҳо даромада сагро ҷеғ зада пораи нонро диҳад?
Духтарак ба назди дарвозаи Абдулло-селпо ҳозир шуд. Аз роғи дарвоза ба дарун нигарист. Саг нанамуд. Оҳиста даричаро тела дод. Аз паси ошхона саг гўшҳои буридаашро сих карда баромад.
«Ма!» бурдаи нонро сўи саг дароз кард Сабо. Саг ғуррид. «Ма!»
такрор кард ў. Саг думи калтаашро ликконд ва пеш омад. «Ма, ошно, ма!» Як пора нонро аз дарвоза дарун партофт. Саг сар хам карда нонро бўй кашид ва базўр ба даҳон гирифта фурў бурд.





