Барои духтараки ноорому беқарор ин манзара ҳузнангез метобад.
Гўё ҳамаро селоби ҷанг шуста бурдааст ва танҳо як санги ин ҷо
– кампири Ойша мондааст.
— Момо! – рўболо дароз кашида гуфт Сабо.
— Чӣ мегўӣ?
— Хешу таборонатон куҷо шуданд?
— Писаронам дар ҷанг, дигар ҳеҷ кас надорам, – ҷавоб дод пиразан ва хомўш шуд. Хона низ торик ва хомўш буд. Садои дандони муш меомад, ки сандуқро мехоид.
Сабо алами пиразанро тоза кард. Гўё ў бо оворагиҳояш ва роҳбониҳояш худро машғул медошт ва алами ёди писаронашро дур меандохт. Вале ҳама гумон мекарданд, ки кампири Ойша аз бекорӣ ба кўча баромада роҳи ҳар роҳгузарро бонӣ мекунад.
Роҳгузаронро дошта даркору нодаркор ҳар чиз мегўяд. Пиразан фақат дар як масъала баъзеҳоро фарқ карда метавонад. Агар донад, ки каси рў ба рў омада аз аҳволу вазъи мамлакат бохабар аст, «Дар зери ҳо-о он абрҳои сўхта чӣ гапҳо бошад?» гуфта мепурсад.
Пиразан бо ин гапаш аҳволи мамлакат ва рафту вазъи ҷангро фаҳмидан мехоҳад. Ва баъди ҷавоб шунидан хулоса мебарорад, ки писаронаш ҳоло дар амон будаанд. Пиразан радиоприёмник мекофт, ки ахбор гўш кунад, вале ягона радиоприёмпики идораи колхозро ҳам гирифта бурданд. Барои ҳамин пиразанба ҳар каси дучоромада ягон чиз мегуфт, ки хабаре шунавад. Ҳамину ҳамин пиразан дар деҳа «бекорхўҷа», «ҷалоҷин», «роҳбон» ва «лаққӣ»
ном баровард. Лекин ҳеҷ гоҳ касе таги дили ўро нафаҳмидааст.
— Ту ҳоло чӣ будани ҷангро намедонӣ, Сабо, – Саборо як духтараки бепарво, беғаму бедард пиндошта гуфт пиразан. – Солҳои босмачигарӣ фақат барои ҳимояи ин деҳаи хурдамон чӣ қадар йигитҳо нобуд шуданд. Ҷангро, ваҳшигарии одамро ман ҳамон вақт дида будам. Падари баччаҳои ман низ дар ҷанги босмачӣ нобуд шуда буд. Ман ҳамон вақт чӣ қадар шум будани ҷангро фаҳмидам.
Ин аждарҳои гуруснаи одамхўрро ман ҳамон вақт бад дидам. Ба кӣ лозим ин ҷанг? Намедонам. Аз афти кор, ба касе лозим, ки дасту пояшро гум накардааст, мурдани фарзанду падарро бо чашмонаш надидааст. Барои ин кўру кар... мурда будан лозим...
Сабо акнун кию чӣ будани пиразанро фаҳмида истодааст. Ба ростӣ, дилаш ба вай сўхт. Дастонашро харпанҷа андохта зери сар гузошт ва ба хаёл фурў рафт. Чунон вонамуд кард, ки хобаш бурдааст. Пиразан низ хомўш буд. Баъди хеле вақт «хур-хур»-аш баромад. Сабо каме сар бардошта ба вай нигарист ва боз сар монд, ки хоб равад. Ҳеҷ хобаш намебурд. Бархоста рафтанӣ шуд, вале аз дарди пой тарсид. Ва некиҳои пиразанро помол кардан нахост.
Дилаш ба момояш сўхт. Ҳай паҳлў гашт духтар, ҳай фикру хаёл кард ў, вале ҳеҷ масъаларо ҳал карда натавонист.





