Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 312 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 312 аз 470 · 3 ноябри 2026

Ин дафъа Сабо аз ў гапашро руст накард. Балки пои домаҷрўҳашро ба ў нишон дод: «Саг газид».
— Саги кӣ?
— Саги Абдулло-селпо.
— Шукр кун, ки нахўрдааст, – гуфт кампири Ойша ва башитоб ба дари рў ба рў даромада як пора намаду лахча оварда латтамуд кард ва гармогарм ба ҷароҳати Сабо пахш карда гўё ки то ин вақт давоми гапашро зери забон дошта истода бошад, ба гуфтор даромад: – Ба худо сад бор шукр кун, дар чилламазор чароғ мон, ки саги масти ў туро хомталош накардааст. Як ту не, ҳамаро тарсондааст ун саг. Бисёриҳоро гирифтааст ун саг... Дардаш монд?
— Сўхт.
— Акнун нағз мешавад. Хунаш ист кард, нағз мешавад. Сагаш ҷиннӣ набошад, ки... Хез, хона равем, ман туро алас мекунам...
Тарсидӣ?
— Натарсидаам, хориам омад, гиря кардам.
— Ҳеҷ гап не, ку, бихез, – аз китфи духтар бардошта гуфт кампири Ойша.
Сабо ҳис кард, ки дарди пояш меафзояд. Вале фикр накард, ки чаро ҳамроҳи пиразан меравад. Ў ба хулосае наомада буд, ки ҳамроҳи ў рафтанаш дуруст аст ё не. Кампири Ойша аз китфи ў дошта то саҳни ҳавлиаш бурд. «Шин ин ҷо!» гуфта рўи ғўлачўбе ўро нишонд ва аз бехи девор латтапораеро ёфта аз шохи бед навдае шикаста латтаро ба нўгаш баст ва оташ гиронда ба гирди сари Сабо давр занондан гирифт: «Алас, ала-ас... Рав-рав, пушти кўҳи Қоф рав, ҷои ту не, рав... Гум шав, гум шав... ала-ас...» гўён алангаи оташро ба сари ў гирд гардонд ва баъд онро як тараф партофта ба дўлчае об оварда ба сару рўи духтар пошид. Ба чаккаи духтарак сар монда гўшашро дошта кашид, «қирсӣ» садо дод...
— Хез акнун! – тарки сари ўро аз чаҳор тараф бо кафҳояш пахш карда-пахш карда гуфт кампири Ойша ва баъд каф ба каф зад.
Сабо дарди пояшро писанд накарда пуршаст хест, вале гўё ки ҷонашро аз банди пояш кашида бошанд, бознишаст.
— Ҳа, дард кард? – ҳоли ўро дида пурсид камппр.
Сабо дандон ба дандон монда ба ў ҷавоб ҳам нагуфт.
— Сабо, биё хоб рав, ҳамин замон рўз мешавад, – ба зери айвон баромада гуфт пирзан.
Сабо оҳиста бархоста ва мисли мурғи панҷааш бурида лангидалангида то зери айвон омад. Ба рўи кўрпаи ўбадаи занак, ки барои Сабо густурда буд, нишаст. Вале дароз накашид. Вай акнун донист, ки чаро кампир дар хонааш нишаста натавониста роҳбонон барин доим дар кўчаҳо мегардад ва касе рў ба рўяш ояд, хоҳад-нахоҳад дошта ба гап мегирад ва ҳеҷ кас, ки наёфт, худ ба худ гап мезапад.
Вале ҳоло хомўш. Ё монда шудаст, ё гап надорад. Ё духтаракро беақлак гумон карда гап намезанад. Пиразан рўболо хобидааст.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан