Саг сўи духтарак кадам гузошт. Сабо пай бурд, ки саг на аз барои гўшт, балки бар қасди худи ў меояд. Ў дасти чапашро қафо бурд, ки даричаро кушода ва як навъ карда якбора худро берун гирад: даричаро кушод.
Як пояшро аз замин ковок карда аз дарвоза берун монданӣ буд, ки саг аз даст рафтани сайдро пай бурда якбора ҷаҳид ва «ҳаф»
гуфта аз банди пои духтарак гирифт. Сабо фарёд зад ва беруни дар афтид. Саги ало гўё ки ба муродаш расида бошад, ба гўшти аз дасти духтарак афтида ҳам нигоҳ накарда дам ба дарун қафо рафт... Дарича худ аз худ пўшида шуд..
Соҳибаи хона – зани Абдулло-селпо аз хона баромад.
— Гирифт? – духтаракро надида ва нашинохта аз дарун пурсид ў ва баъд даричаро кушода, духтаракро дида боз суол кард:
– Газид?
Духтарак гўё ки бо ин зан қаҳрӣ бошад, ҷавобе надода банди пояшро дудаста дошта меистод. – Ту духтари кистӣ, аз куҷо мешавӣ? – духтаракро нашинохта пурсид занак.
— Ту инсӣ, ё ҷинсӣ, чаро гап намезанӣ?
— Сахт газид?.. Мегўм, ки дандони саг ба поят ғўтид?
— Дар деҳамон якта урусдухтар ҳаст, ки ба ҳавай ҳам тоҷикӣ гап занӣ, ҷавоб медиҳад.
Аз ин гапи занак чашми Сабо ялаққӣ кушода шуд. Ва майли хестан кард. Аз дарди пой ҷонаш ба танг омада, баланд гирист ва боз фўру нишаст.
— Ку, ман бинам! – паҳлўи духтар нишаста гуфт занак.
Духтарак дудаста банди пои росташро медошт. Сарашро ҳам хам мегирифт, ки занак нашиносадаш.
— Ту духтари кӣ мешӣ, ки ин қадар зуъмӣ?
Сабо ба ҷои ҷавоб, азоб бошад ҳам, бархост ва сари зуъм лангида-лангида дур рафт. Ў ҳис мекард, вале намедид, ки панҷаҳояш хунолуд шудаанд. Вай даст ба бинӣ наздик оварда бўй кашид.
Бўи хун. Ҳаросид: «Боз сагаш ҷинӣ набошад, ки...» аз дил гузаронд духтарақ ва ҷои рафт ҷустуҷў мекард, ки латтамуд карда ба ҷароҳаташ монад. «Ба куҷо равам? Назди момои Ойша? Назди осиёбон?.. Духтурзанак – Зоя, куҷоӣ?..»
«— Куҷо рафтӣ, ҳў, духтар? Кистӣ ту, ҳў, духтар? Инсӣ ё ҷинсӣ?» садои мардак баромад. Вале ў духтаракро дарёфт карда натавонист..
Сабо кўчаи дигар гузашта боз нишаст. Сиёҳие худ ба худ ғурғуркунон омад: «Инсӣ ё ҷинсӣ?.. Духтарак аз овози димоғии ў кӣ будани сиёҳиро шинохт ва ҷавобе надода сар хам кард.
— Сабо? – ба сари духтарак омада гуфт ў.
Сабо ба ҷои ҷавоб сар бардошт. – Ба ту чӣ шуд? – тааҷҷуб карда пурсид кампири Ойша.





