Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 310 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 310 аз 470 · 3 ноябри 2026

Равзанаи рў ба рўи дўлро хабар гирифт, ки даромада мешавад ё не. Он ҳам он қадар дилпур набуд. Ў каме рост истода ба андеша рафт. Аз дарун садои санги вазнин ва чак-чаки ба санг бархўрдани сагаки сабук меомад. Аз байни ин садоҳо суханҳое ба гўшаш мерасид, ки андаке пеш худаш гуфта буд: «Барои кӣ, барои чӣ ту дуздӣ мекунӣ?» Гўё ин савол ўро ба худ овард. Духтарак аз назди равзана дур шуд, вале дилаш тоқат накарда бори дигар дарро сахт тела дод. Ва баъд умед канда сари нови осиёб баромад. Осиёбон барин он ҷо нишаст... Пирамард баргашта омад. Сабо ўро дида парчини замин шуд. Ва ҳамин ки ў ба осиёб даромад, Сабо бархоста, даромада сўи дарвоза рафт:
«Назди осиёбон равам? Рафта дастёрӣ кунам? Лекин дар ин замон дастёр ба кӣ лозим? Дар хонаи падарам нағунҷидаму дар осиёби ў меғунҷам?..» Дервақт ба саволи худ ҷавоб наёфта ҳайрон монд ў ва баъд роҳи хонаи Абдулло-селпоро пеш гирифт. Ў то назди дарзозан Абдуло-селпо бо як азме омад, вале ҳамин ки пушти дарвоза шуд, ба андеша рафт: «Сагаш ҳам худаш барин бошад, ҳоҷати аз дарвозаи ў сар халондан нест», аз дил гузаронд духтарак ва тозон қафо рафт. То назди дарвозаашон тохт. Даромада гўшти қоқро аз сари мехи посутун гирифт ва боз сўи ҳавлии Абдуллоселпо шитофт. Гўё ў аз тамошои аҷибе дер мемонда бошад, боз тохт. Ў назди дарвоза бозистода нафасашро дарун кашида, ба даруни ҳавлӣ гўш дод. Вале фақат тапиши дили худро шунид. Ва ба назараш он дарвозахона девори қасри баланде намуд, ки кас дохили он гардад, ҳаргиз берун намеомада бошад. У хеле истод.
Аз дарун садое намебаромад. Даричаро тела дод. Занҷир набудааст, шириққӣ кушода шуд. Садо ва ҷавоби касе набуд. Яке аз беруни дарвоза ғуррише ба гўш расид. Сабо хавф бурда якбора баргашт ва саги хирсҷуссаи алоро дид. «Ало, ало, мур-е, ало, ошно-ку» гуфт худро шинос нишон дода, вале саг ошноӣ надода, пойҳояшро ба замин тир карда омодаи ҷаҳидан буд, ки Сабо «Ма, ало!» гўён гўштро ба саг дароз кард. Саг як гўшҳои буридаашро боло бардошта дурусттар ба духтарак нигарт. Сабо бо дандон аз лаби гўшт газида ба саг партофт. Саг як газ гўштро баробари ба замин афтиданаш пахш кард ва ҳамин вақт духтарак худро паси дарича гирифта пушт ба дарича такя гузошт ва лабони аз намаки гўшт шўр шудаашро мелесид. Саг як бор бар қадди дарвоза рост шуда ханҷол кашид, «аф-аф» карда зуд ғайб зад ва фурсате нагузашта дар саҳни ҳавлӣ пайдо шуд. Духтарак дар тани дарвоза сурат гашт. Оби аз намаки гўшт дар зери забонаш пайдошударо базўр фурў бурд.
Баъд ба худ омада гўё ки бурдаи нонро ба кўдаки ранҷида медода бошад, гўштро ба тарафи саг дароз кард ва ба тавалло даромад: «Ма, гир... ма, гир... ма, гир...» дигар гап намезад. Аз чашмони саг шарора мепарид. Саг садо намебаровард, гўё намехост, ки соҳибаш аз гўштхўрии ў огоҳ шавад.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан