Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 309 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 309 аз 470 · 3 ноябри 2026

Оиҳо чӣ гуфта аз ҳам ҷудо шуданд, ба Сабо маълум набуд.
Савор ба роҳи омадааш рафт. Хари Абдулло-селпо обро гузашта ба баландии осиёб баромад.
Сабо ҳамаро медид, вале онҳо ўро намедиданд.. Зеро аз баландӣ пастиро дидан осонтар аст.


Сабо ҳис кард, ки бом меларзад. Вале аз чӣ ларзидани онро намедонист. Гўш ба бом ҷафс кард ва шунид, ки чизе гуп-гуп ба пушти бом мезанад. Вале нафаҳмид, ки ин зарби тапиши дили худаш аст. Зеро Сабо як духтараки шўху бебок ва хонабезор намедонист, ки дил дар кадом гўшаи тана ё қафаси синаи инсон ҷой мегирад. Шаби ба ҳавлии ҳамсоя даромада синаи говро макиданаш ҳамин аҳвол рўй дода буд, ҳатто як чиз дар қафаси синааш тапидатапида то гулў омада, ўро зери арақ мононда, қариб ки беҳолаш карда буд, вале ин зайл «душман»-ро бо чашм дида, аз бом садои дил баромаданашро нашунида буд... Ў ба бозгашти Абдулло-селпо нигарон наистода, аз боло фаромад ва мисли шабпар, ки худо ба ғор андозад, ба охури оғил ҷой шуд. Ва боз шабпар барин баробари торик шудани фазо берун омад. Сару рўй ва чашмонашро молида ҳушёр шуд ва атрофро аз назар гузаронида ба сари нови осиёб баромад. Пушти осиёб гузашт. Оҳиста-оҳиста ба дари бози он наздик омад. Чароғи сиёҳ базўр сари дўлро равшан мекард. Аз шамоли санги осиёб ва ё аз дари боз бошад, ки партави пилтаи чароғ дар деворҳо бозӣ мекард. Духтарак аз роғи байни дар ва паҳлўдарӣ ба тарафи чап нигарист, ки пирамард аз хамма орд гирифта ба ҷувол меандозад. «Ин пирамард хона надорад, ки равад?» ба худ савол дод ў ва умедаш барбод мерафтагӣ барин як қадам ақиб гузошт ва нармаи гўшашро, ки оташ гирифта буд, соида монд. Ў боз аз роғ нигарист. Пирамард як ҷуволро бардошта вазн зада монд ва гарди остину бари домонашро афшонда як бор сурфида аз назди хамма ҷониби дар омад.
Сабо қафо гурехт. Паси осиёб гузашт. Яке ба гўшаш расид, ки дар сахт пўшида шуд. Духтарак аз буни девор нигарист.
Пирамард дарро қуфл карда, аз ҳалқаи калиди дароз миёнбанд гузаронида ба камар баст ва обро гузашта, куҷое ки рафт.
Сабо ба ҳаяҷон омад. Дилаш сахттар тапид. Вай ба дуздӣ иқдом ниҳоданашро фаҳмид.
Пирамард рафту Сабо аз паси девор баромада ба дар омад.
Дар қуфл буд. Аз роғи дар партави хирае ба чашм мерасид. Духтарак қуфлро кашид, тоб доду кашид, кушода нашуд. Пас ў зўр зад, ки турми дарро барорад. Нашуд. Ў ба раҳу рў нигарист, ки яке ба даст наафтад. Касе ба чашм нанамуд. Баъд Сабо роҳи ба осиёб даромаданро ҷустуҷў кард. Мўриро хабар гирифт, нашуд.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан