Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 308 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 308 аз 470 · 3 ноябри 2026

Савор наздик омад. Сабо аз байни сархор дид, ки милиса падараш нест. Вай яқин кард, ки ба суроғи ў омадааст. Шояд ин кори падараш бошад. Шояд мактуб навишта аз ин милиса хоҳиш карда бошад, ки...
Сабо рўи боми оғил баромад. Бар бом парч шуд. Мисли кабке ки ҳамранги замин гашта, аз сайёд худро пинҳон кунад, парчин шуд, ки ўро набинад. Парчин шуд, ки наёбандаш. Милисионер, аспро ба девор наздик ронда ба рикоб нўги пой тира карда, қоматашро рўи зин бардошта ҳавлиро аз назар гузаронд ва баъд фарёд зад:
— Сабоҳат! Ў-ў-ў Сабоҳат!!!
Сабо ҳайрон шуд, зеро ўро фақат падараш ҳамин хел «Сабоҳат»
гуфта ҷеғ мезад. Ва ин марди бегона, ношинос номи аслии ўро аз куҷо медонад? «Ин ҳам хизмати падарам», хаёл кард Сабо ва даст бар замини бом гузошта каме вазн андохт сар баланд карданӣ шуд, то бинад, ки мардак чӣ кор мекунад. Милиса шапка аз сар гирифта ба дасти чап мўи навдамидаашро мемолид. Мазмун, мулоҳиза мекард.
Аз тангкўчаи рост садои «их-их!» баромад. Милиса шапкаашро пўшида, сари аспашро гардонд ва аз тагаки бом садои саломуалейки онҳо баромад. Ва харе ҷуволи алои пур бар дўш роҳро нишеб шуда, рафтан гирифт. «Иш! Иш!» овоз дод мардак. Хар наистод ва мардак дартоз рафта сари онро ҷониби осиёб гардонд. Сабо ин мардро шинохт. Абдулло-селпо аз авлоди Забур. Марди чорпаҳлў, ришдор, вале қоматаш чандон баланд не. Одамони ҳолдон мегўянд, ки айнан нусхаи Забур: дар ҷоҳилӣ ҳам, дар бадӣ ҳам.
Абдулло-селпо сари харро гардонда боз назди савор омад.
Сабо дид, ки дар рўи ў ранг намонда буд.
— Марҳабо! – ба роҳи омадааш ишорат кард Абдулло-селпо.
Онҳо тақрибан панҷ қадам дуртар аз девори оғил меистоданд ва гуфтугўяшон ба гўш меомад. – Марҳабо, аз хонаи дўсти беғараз як пиёла чой! – боз хоҳиш мекард ў.
— Шумо духтари Назир-милисаро надидаед? – мепурсид милисионер.
— Не! Онҳо аз ин ҷо кўчида рафтагӣ, дар шаҳр, – ҷавоб мегуфт Абдулло-селпо.
— Медонам, вале духтарак гурехта омадааст.
— Ло ҳавла вало қуввата, – гуребон медошт Абдулло-селпо ва боз хоҳиш мекард: – Як пиёла чой... духтар ёфт мешавад.
Сабо боз ба бом парчинтар мешуд ва мехост, ки як қатра об шуда бар ин боми тафсон фурў равад... Аз боло ўро офтоб месўзонд...
Онҳо дуртар рафтанд ва Сабо гап-гапи онҳоро намешунид.
Андаке бо гўшаи чашм медид, ки савор сар меҷунбонд ва Абдулло-селпо даст ба синаи чап гузошта гардан каҷ мекард.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан