«— Башкони бетолеи ман, башкони носери ман!» – овозашро баланд мекард занак.
Сабо ин занакро аз рўи «башкон-башкон» гуфтанаш шинохт. Ў зани Мизроб-муаллим буд. Ва духтарак имшаб дар назди дарвозаи Абдулло-селпо «башкон» гуфтани ўро шунида буд. «Камбағалро дар болои шутур ҳам саг мегазад» гуфта Сабо сўи осиёб равон шуд. Гўшти қоқ ҳамроҳаш набуд. Дар сари мехи посутун меистод.
«Рафта ба ў ёрӣ медиҳам» ҳукм кард ў ва то рў ба рўи осиёб рафту бозистод. «Не, набояд касе маро шиносад... Набояд... Лекин ман ба ин занак чӣ хел ёрӣ диҳам?.. Ман духтари милиса... Ба дари Абдулло-селпо рафта пўписа кунам, ки... Не.»
— Эй занак! Биё мон, толеат ҳамин будааст!.. Аз байни сангу рег кадом як дони онро меёбӣ? – ба осиёб даромада ва боз баромада, сари марза омада гуфт пирамарди осиёбон.
— Шумо осон мегиред, – базўр сар бардошта гуфт занак, вале эътиборе ҳам надод, ки рў ба рўяш он тарафи об духтараке истодааст.
— Биё, ман аз орди камар ҳаққатро медиҳам! – боз гуфт мардак.
Занак чӣ гуфтан ва ё чӣ кор карданашро надонист. Сари зону менишаст. Доманашро медошт. Аз ҷои халташуда ва тари доманаш мисли ашки имшабаи ў, ки баъди аз дари Абдулло-селпо ноумед баргаштанаш рехта буд, қатраҳо мечакид.
— Хез биё занак, хаёлу фироқ карда нашин! – гуфта пирамард ба осиёб даромад. Он чи ҷаваш аз зери санг орд шуда, ба хамма рехта буд, бардошта ба халтаи ў андохт ва бо зағомача аз орди камар гирифта болои орди ҷав рехт ва ҳамчунон хомўш халтаро бардошта ба соҳибаш дароз кард.
Занак ҳам лом нагуфта халтаро гирифт ва аз дари осиёб баромад..
Чашми занак ба Сабо афтод, ки аз он тарафи об ба ў ҳасратангез нигоҳ мекард. Занак ўро нашинохта «Гушна мондӣ, духтарак?..
Духтари кӣ мешавӣ?» дар дил пурсид ва ҷавобе нагирифта, ба пасаш нигоҳ ҳам накарда рафт.
Сабо ҳайрон буд, ки куҷо равад...
5
Сабо барои чашми рўзро кўр кардан зери айвон хобида буд.
Гашти пешин аз кўчаи рост савори аспи сафеде омад. Дар чашмони хоболуди Сабо ёли он тиллоӣ намуд ва ҳамон орзуе, ки дар дил дошт, амалӣ мешуд. «Падарам, падари ман!» то гулў ғулғула карда омад ин гап ва мисли буғз дармонд. Касе пеши роҳи аспи ўро гирифт. Кампири Ойша буд ў ва савор аз ў чизе дархост, ки кампири Ойша бо ангушт ҷониби Сабо ишорат кард. Дили Сабо раг зад ва зуд аз зери айвон бархоста ҷониби дарвозахона рафт.





