Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 306 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 306 аз 470 · 3 ноябри 2026

Духтарак оҳиста сар аз дарвоза дарун карда ба саҳни ҳавлӣ нигарист. Касе нанамуд, садое набуд.
Сабо гумон кард, ки ин ҳавлӣ ҳам бекас аст ва соҳибони он ба ҷое муҳоҷир шудаанд. Баъд нотарс даромад. Дар гўшаи чапи ҳавлӣ гове мисли мор фаш-фаш карда алаф мехўрд. Ў ба гов чун гурги гурусна ҳасратолуд нигоҳ кард ва баъд сўи айвон рафт. Рўи суфае чанд кас ҷогаҳ партофта хобида буданд. Зери айвон касе набуд.
Сабо ба табақҳои шировези кафтарнишини зери айвон бодиққат зеҳн монд. Оҳиста-оҳиста қадам монда пеш рафт. Қади дарози духтарак ба табақҳои шировеш бемалол мерасид. Ў даст бурда табақеро хабар гирифт. Шир. Саршир. Ва дар табақи чаҳорум чизи сахттаре ба дасташ расид. Табақро баргирифт. Андаруни он як порча гўшти қоқ буд, ки мазза ва бўй мекард. Табақро ба шировез бозовехт ва табақи ширро гирифта росто даркашид.
Сер нашуд. Табақи дигарро гирифта лаб дар лаби он гузошта фурў кашид. Нисфи ширро ошомида буд, ки дилаш гардонд. Шир шиками гуруснаи ўро кофт. Базўр табақро ба шировез овехта, ба лаби айвон омад, ки пушти хона гузарад, то садои ғарораашро соҳибони хона нашунаванд. Ғарора накард. Баъди ягон ним соат сахт оруғ дод, боз зери айвон омада хост то субҳдам он ҷо қарор гирифта, аз соҳибони хона пештар бархоста, баромада равад. Ў рўи намади коза, ки дар тахтмони меҳробшакли айвон таҳ карда монда буданд, баромад ва соҳибони хонаро пушту паноҳ дониста хирсбачча барии ғунча шуда хобид...

4

Гов ё хар сатили кўҳнаро лагад зад, ки ғелида садо баровард.
Сабо дуздиам фош шуд, гуфта ҷаҳида хест.
Занак – соҳибаи хона зери айвон сари ҷогаҳ менишаст.
Сабо оҳиста аз болои намад фаромад. Гўштро ҳамроҳ гирифт ва нўг-нўги пой паҳлўи хона гузашта ба хонаашон рафт.
Рўзи калон шуда буд. Баногаҳ аз ҷониби осиёб фарёди зане баромад. Сабо он сў нигарист. Ва чашмаш ба марди осиёбон афтид, ки тахтаи сарбанд бардошта осиёбро шова мекард. Аз поёни осиёб садои занак меомад.
«— О-о, ман ин ҷавро хунбаҳо ёфта будам, мардак! Ту чӣ кор кардӣ? Башкони ман бе ин ҳам сер нестанд...» гуфта занак қад-қади об медавид. Сабо, ки кўдакиаш дар наздикии осиёб гузаштааст, аз рафтори занак ва зуд осиёбро шова кардани осиёбон пай бурд, қи осиёб гулў рафтааст.
Оби моҳихона кам ва хушк шуд. Занак аз рўи лою рег ва бехи сангҳо каф-каф ҷави тарро бардошта ба лаби доманаш ҷамъ кардан гирифт. Осиёбон ҳам омада ба ў ёрӣ медод.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан