Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 305 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 305 аз 470 · 3 ноябри 2026

Дуртар рафта бо баҳонае андаке якпаҳлў гашта нигарист, ки мардак бозистода аз пасаш зеҳн мемонад. Духтарак ҳаросида тез гашт ва аз занак ҳам гузаро шуд. Гузаро шуду занак ҳам ба тангкўчаи рост тоб хўрд.
Сабо қадам боздошта аввал ба мардак нигарист. Ў нанамуд, баъд аз паси занак шуд. Занак ба дарвозаи пастаки шалақ наздик шуда садои кўдаконашро шунида, дергоҳ дарвозаро накушода истод ва баъд гўё хоби кўдаконаш бурда бошад, дарвозаро кушода даромад.
Аммо Сабо куҷо рафтанашро надонист. Гумонаш, ки мардаки аз паси ў зеҳнмонда бозгашта ўро поида истода бошад, бо роҳи дигар рафтан хост. Не, ў ҳоло занакро нашинохтааст, барои ҳамин барнамегардад. Ў ба дарвозаи занак рафта садои «фиқ-фиқ»
гиристани касеро шунид. Дил кард, ки дарояд, аз раъяш гашт.
Сонӣ аз даруни ҳавлӣ ғалоғула баромад, гўё ҷўҷаҳо чу-чу карда, сўи очаашон омаданд. Ба гумони Сабо, ки модар ҳамаи онҳоро якбора ба оғўш кашида бошад, даруни ҳавлӣ оромӣ шуд. Баъд саволу ҷавоб ба миён омад.
— Нон наовардӣ, оча?
— Наёфтам...
Мўи сари Сабо рост шуд, ба назараш сарпўши сараш низ бархест. Аввал ангу манг шуд. Мағзаш аз кор монда буд, чӣ андешиданро намедонист. Даст бурда сарашро хабар гирифт, мўяшро пахш кард ва сар афшонда худро ҳушёр дошт ва чашмон калон кушод. Ва баргашт. Бо фикру хаёл банд буд, ба куҷо пой монда ва куҷо рафтанро намедонист. «Ман ба ин занак чӣ ёрӣ диҳам?»
суол кард ба худ ва ҷавоб ҳам ёфт: «Ҳеҷ чиз... Агар ман ҳамаи одамони зодгоҳамро хуб медонистам ва хуб мешинохтам, ҳамиртуруш (хамирмоя) талабида рўзи баччаҳои ўро мегузарондам, сабўс металабидам, гарди таги суфра таконда рўзӣ меовардам... Эй марди доро, эй марди ноинсоф, барор ҳар чӣ дар бисот дорӣ!..»
Ў девонаавзоъ ҳаракат кард. Фармон дод. Гўё амри ў воҷиб буд ва касе ҳад надошт, ки гуфтаи ўро рад кунад. Мағзи сари Сабо ҷўшиду шўрид. Ҳазорон кас ба ў ёр шуда тамоми чизҳои Абдулло-селпо барин мумсикҳоро берун оварда, дар санглох – дар ҷое, ки ҳар баҳор рўзи иди Наврўз мардон ҷамъ шуда ҷуфтбаророн кунанд, фурў рехтанд...
Садои саг ўро ба худ овард ва дид, ки ба дарвозаи Абдуллоселпо наздик шудааст. Хост дари ўро кўфта чизе биталабад, барои кўдакони гирёни занак талабад, вале ба аҳдаш, ки набояд касе ўро бинад, хилоф накард. Сабо саги лаққии ўро дашном карда гузашт.
Ва ба дарвозаи ҳамсоя наздик шуда чунон гушнагиашро ҳис кард, ки ғадудҳои зери забон луоб ҷудо карда, меъдааш заъф зад. Аз назди чанд дарвоза гузашта ҷуръат накард, ки ба даричаи онҳо сар халонад. Рафтан гирифт. Оқибат як дарвозаи шалақеро дид, ки нимбоз буда, сардариаш вазн андохта онро пахш мекард, ки на кушода мешуд ва на пўшида.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан