— Апаҷон, баччаҳо нон гуфта... (овозаш гирифт). Агар бошад, чойрак, набошад, нимчойрак гандум ё ҷав қарз диҳанд.
— Намедонам, канӣ пурсам, – гуфта соҳибаи ҳавлӣ ба хона даромад.
Сабо донад, ки ин занак беҳуда ба ин дар наомадааст. Як вақтҳо ўро Абдуллобой мегуфтанд, барои падари дорандааш шуда.
Баъди сари падараш солҳои наздик номи ў Абдулло-селпо шуд.
Абдулло дар селпои ҷамоати Наврўз кор мекард. Моли селпоро моли худ донист, барои ғаниматдониаш ва «ҳиммати баландаш»
аз он ҷо зада ронданд. Кору кирдори ўро мардум афсона бофта, лақаби «селпо»-ро ба ў часпонданд. Аммо сарфакориро аз падар мерос гирифта, ҳар чизро ғиём кунад ва ниёзмандон гардан каҷ карда наздаш биёянд: баъзан ҳоҷат барорад. Шартҳое низ дорад, як намуди судхўри хурд барин. Боз як гапи дигар, ки касони бадбин ўро «Абдулло-дабба» ҳам гўянд. Ва ин чиз дар соли ҷанг ба хислату нияти Абдулло-селпо мувофиқ ҳам омад. Ўро аз ҷанг рафтан боздошт. Аммо духтарак ҳама хислату нияти ўро намедонад.
Фақат медонад, ки Абдулло-селпо гўяндаш. Дар ин деҳа ин хел одамони лақабдор бисёр, аммо асоси лақабҳоро Сабо надонад.
Ҳатто занаке, ки назди дарвозаи Абдулло-селпо истодааст, нашиносад. Шинохтан хоҳад... Нўг-нўги пой пеш равад, то рўяшро бинад. Лекин ў наздик нашуда, саг шўрид, занак ҳаросида пушт рафт. Саг ба дарвоза рост шуд, занак ҳаросида пушт рафт. Саг ба дарвоза рост шуда, чанг зад, харошид. «Гум шав, гурез, рав!»
садои соҳиба баромад, ки сагро пеш мекард. Баъд ў дарвозаро кушода, «набудааст» гуфт ва аз зери бағалаш як нонро бароварда ба занак дароз кард. Занак аввал карахт шуда истод ва баъд дастонашро зайле ҳаракат дода андаке ба пушт майл кард, ки ана-ана аз ў мегурехта бошад. «Гиред, баччаҳо шодӣ мекунанд»
боз гуфт соҳиба.
«Не, – сар ҷунбонд занак, – баччаҳои ман ба ин шодӣ намекунанд». Занак дигар чизе нагуфта баргашта рафт.
Соҳиба аз паси занак андаке зеҳн монда «Ҳум, боз ноз ҳам мекунад» гуфта бо як адое паси дарвоза шуд.
Сабо гапҳои зани Абдулло-селпоро шунид. Гўё ин суханҳо ба ў равона шуда бошад, ғазабаш омада, дандон соид. Хост аз паси дарвоза ин мардуми «доро»-ро ҳақорат карда гузарад, вале натавонист, дурро андешид ва ба дилаш гиреҳ карда гузашт. Ў аз паси занак равон шуд, то кӣ будани ўро донад. Занак рафт-рафту дар паси даре қарор гирифт. Ин дари кампири Ойша буд. Ў хеле истод. Даст ба ҳалқаи дар бурд, вале ба кўфтан ҷуръат накарда гузашта рафт. Сабо аз паси ў рафтан гирифт. Занак дигар ба ягон дар наистода, кўчаи миёнаро нишеб шуд. Фикру хаёли Сабо чунон ба ин занак банд шуд, ки сарлуч рафтанашро ҳам фаромўш кард. Марде рў ба рў омад. Нигоҳ карда гузашт. Вале Сабо ба ў аҳамият надод, надида биангошта гузашт.





