— Гумон не, ман мебинам ва дидаам. Бо модарандарам дар як хона зиндагӣ мекунем, бошад, ҳамроҳ мепазем, ҳамроҳ мехўрем...
Вале...
— Чӣ вале? Ту ягон бор ба ў гапи хуш задӣ, «модарҷон»
гуфтӣ?
— Не, ҳеҷ забонам намегардад.
— Дидӣ?! Боз гила ҳам мекунӣ...
Гапҳои пиразан ба ў нафорид, ки боз роҳ пеш гирифт.
— Куҷо меравӣ, Сабо?
Духтарак гўш накарда ва ҷавоб надода рафтан гирифт.
— Ман ҳоло гапамро ба ту нагуфтаам, Сабо.
Сабо пои рафт боздошт ва ба пиразан рў оварда гуфт:
— Чӣ гап доштед, холаи Ойша?
— Ман ба ту хола не, Сабо, ман ба ту модаркалон – момо.
— Хайр...
— Ту баччагӣ накун, гурез-гурез карда нагарду бо ман биё. Ба хонаи ман биё... Ту духтарбачча ном дорӣ, худо накарда гапат барояд...
— Чӣ гапам мебарояд? – маънии сухани пиразанро нафаҳмида пурсид Сабо...
— Зиндагӣ косаи давр аст, духтарам, яке ту ҳам модарандар шавӣ...
— О-о-о, холаи Ойша, гапатонро дониста занед! – садо кард духтарак ва қади тангкўчаро тохт. Ў дигар ба «исто-исто!» гуфтанҳои пиразан гўш накарда аз чашмаш ғайб зад. Сабо дуртар аз дарвозаи Абдулло бозистод. Зане дарвозаи ўро мекўфту фарёд мезад, мекўфту фарёд мезад. Дар даркўбӣ ва фарёди ў таҳдиду ташвиш на, балки як тарсу ҳарос ва беҷуръатӣ ҳамроҳ буд. Ба ҷавоби ў садои фиғон карда ба дарвоза омадани саг баромад.
Занак тарсид, ки дигар садо накард. Саг беист меҷакид, аз афташ, дарвозаро кушоданӣ шуда бар қади дарвоза рост мешуд, ки овозаш гоҳ гирифта, гоҳ баланд ва гоҳе паст меомад.
Фарёду фиғони саг басанда шуд ва касе дарвозаро кушод.
— Ассалому алайкум, апаи Бибимоҳ! – одоб кард занаки беруни дарвоза ва як-ду қадам қафо рафт.
— Ваалайкум ассалом! – соҳибаи хона сар аз дарича берун овард ва хомўш монд. Аз афташ, ў ин зайл саломгўйҳоро бисёр дида буд, вақту бевақт садои кўбаи дарашро шунида буд ва сабаби дар ин бевақтӣ омадани занакро медонист, ки ду даст ба ду паҳлўи дарича ором истод. Ба гумони Сабо, онҳо дергоҳ чашм ба чашм истоданд, ки овозашон набаромад. Саг истода-истода ак-ак мекард.
— Аком дар хонаанд? – аз соҳибаи хона пурсид занак.
— Ҳа, акотон дар хонаанд! – махсус калимаи «акотон»-ро талаффуз карда пичингомез ҷавоб дод занак.





