Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 302 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 302 аз 470 · 3 ноябри 2026

Ў то аз чашм ғоиб шудани харҳо аз пас нигоҳ кард. Дар роҳ кампири Ойша пеши роҳи мардакро гирифта, чизе гуфтанӣ шуд, вале ў нигоҳ накарда аз паси харҳо рафт.
Ягона умеди Сабо ҳавлии ҳамсоя ва шири гарми гови ў буд.
Ў оҳиста-оҳиста ба он дарвоза наздик рафт ва даричаро тела дод. Дарвозаву дарича маҳкам буд. Байни дарича каме роғ шуд.
Духтарак аввал аз он роғ нигарист. Баъд ангуштони харобу дарвозашро андохт, ки занҷирро бардорад. Нашуд. Дасташ дард кард.
Боз ду-се бор зўр зад. Яке занҷир кушода шуда, мисли дасти шал ба дарвоза бархўрд.
«— Кадомӣ?!» Садои мардак баромад. Духтарак ақиб гурехт.
То беруни девори ҳавлиашон гурехт ва паси девор ҷой шуда, поид, ки мардак аз дарвозааш мебарояд ё на?
Мардак даричаро кушода баромад. Аввал парешону саросема ба ду тарафи қади кўча нигарист ва касеро надида худ ба худ ғурғур карда хеле вақт рост истод ва боз даромада даричаро сахт пўшид ва аз ҷаҳлу ғазаб дасташ ларзид, ки садои бозғалтидани занҷир баромад. Сабо аз ин кор, гўё ки табъи дили ў шуда бошад, хандид ва барои он ки касе нашунаваду нафаҳмад, даҳонашро бо кафи даст пўшид...
— Ана ту дар куҷо будаӣ! – садое омад аз пас. Духтарак як қад парида гурехтанӣ шуд. – Ист, Сабо, гап дорам.
«Ту ба кӣ гап надошта будӣ» аз дил гузаронд духтарак ва наистод.
— Ист, ба ҳурмати худо, гап дорам, гапи ҷиддӣ! – хоҳиш кард пиразан, – Натарс, ба касе намегўям.
Духтарак андаке қадам боздошт ва ба гапи пиразан бовар карда, рўй ба ў тофт:
— Ту бо ман ин хел муомила накун, Сабо, ман туро аз модарат пештар дидагӣ, нофатро аз нофи модарат ман ҷудо кардаам, туро худам аз замин бардоштаам, номатро худам мондаам...
— Хайр? – боз нописандона гуфт ў.
— Хайр! Магар модарат инро ба ту нагуфта буд?
— Гуфта буд.
— Пас, чаро аз ман мегурезӣ?
— Ман фақат аз шумо не, аз ҳама мегурезам.
— Барои чӣ?
— Барои он ки ҳар кас ба ман некӣ кунад, чени модарандарам мекунад.
— Не, Сабо, ту ин қадар бадгумон нашав, одамон тамоман дигаранд, на мисле ки ту гумон мекунӣ. Дар дунё одами хуб бисёр.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан