Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 301 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 301 аз 470 · 3 ноябри 2026

Дарвоза қуфл надошт, занҷир буд.
Аз роғи дар даст дароварда зулфин аз ҳалқа бардошт ва берун омад. Ў гумон кард, ки дуздӣ карда истодааст. Дасту пояш ларзид.
Ба тангкўча нигарист. Пас дарвозаро занҷир карда боз қадам зада рафтан гирифт. Рафт-рафту назди дарвозаи баланди сабз, ки бо ҳавсалаи тамом кандакорӣ шуда буд ва кунгураҳо дошт, қарор гирифт. Ҳамчунон ки наздик омадани поездро гўш ба релс монда фаҳманд, ў ба тахтаи дарвоза гўш монда ба дарун диққат дод.
Ҳамин қадар донист, ки дар ин ҳавлӣ зиндагӣ ҳаст. Ду-се қадам пас-пас рафт, то касе аз будани ў огоҳ нашавад. Духтарак тез-тез қадам монда аз ин ҳавлӣ дур шуд ва дилаш хавф кашида, ба пас нигарист. Ба гўшаш омад, ки турми дарвоза ғарчӣ садо баровард, вале касе набаромад. Саге «ҳаф!» гуфту нанамуд. Сабо ба ёд овард, ки ин ҳавлӣ ҳавлии Абдуллобой аст. Се-чор сол калонтар аз ў як писараш касеро аз ин роҳ гузаштан намемонд: сангкорӣ мекард. Ҳоло чӣ шуда бошад? Яке ў духтарро бинад, «гиркиш»
гуфта сагро ангез медод. «Хайрият» аз дил гузаронид духтарак ва ба дари кампири Ойша ҳозир шуданашро пай набурда монд.
«Дароям? Надароям?» суол кард ба худ. Даст ба ҳалқа бурд, вале ҷуръат накард, ки дарвозаро тела диҳад. Пас гашт. Ба хаёл рафт:
«Ҳамаи дарҳои одамонро кўфта пурсам, ки чӣ ҳол доранд? Кӣ ба ҷанг рафт? Кӣ баргашт? Аз кӣ чӣ хабар ҳаст? Ба кӣ чӣ ёрӣ диҳам?..
Дастиёри ҳама шавам? Магар бад аст?.. Не, инаш намешавад. Ин ҷо буданамро набояд касе донад...»
Аз даруни дарвоза шарфаи пой омад. Духтарак гурехт. Дуртар рафта истод. Ва дид, ки як қомати баланди занона аз дарвоза баромад. Кампири Ойша буд. «Гўши касе хориш карда бошад, ба ин пиразани серҷоғ дучор меояд» гуфта духтарак бо роҳи дигар ба хонаашон рафтанӣ шуд. Пирзан рост сўи ў омад. Духтарак гурехт.
— Кадомӣ? – аз пас садо кард пирзан. – Эй, Сабо нестӣ?! Нагурез!
Духтарак худро даруни рахнаи деворе гирифта дарун-даруни боғ боло рафт. Вале ҳар қадар, ки дур мешуд, овози кампирак ба гўшаш баландтар садо медод: «Нагурез, ман момодояи ин деҳа...
ҳамаи кўдакони ин ҷо фарзандони ман... Ту ҳам, Сабо! Нагурез!»
Ў боз аз боғ баромада назди дарвозаашон расид ва баргашта ба пас нигарист. Ҳў-ў он ҷо, сари кўчаи калон, ҳайкали баланд ва мисли арвоҳ сиёҳи пиразан меистод. Аз ҷониби кўҳ садое баромад: «Их-е, барака ёб!» Мазмун, касе аз кўҳ ҳезум меовард. Садо наздиктар шуд. Садои ба сангҳо бархўрдани чўб омад. Марде дар ду хар чаҳор болор бор карда буд. Кундаи ғафси чўбҳо ба замин кашола буд ва нўги онҳо мисли шотуи аробаи лак-лак аз болои гўши харҳо гузашта ба фазо тир шуда буд. Харҳо гузаро шуда рафтанд: «Мардум аз зиндагӣ умед наканда будаанд» аз дил гузаронд Сабо ва ба зиндагӣ умед баст: «Падараш баргардад, зиндагӣ ширинтар шавад...»

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан