Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 300 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 300 аз 470 · 3 ноябри 2026

Маро аз марг наҷот дод, вале модарамро натавонист.
Духтурзанак – Зоя... Чӣ мешуд, ки ўро (модарамро) наҷот медодию ман... Он гоҳ на ба ман азоб буд ва на афсонаи модаркалонро зудзуд ба ёд меовардам... Чӣ қадар он афсона ҷон доштааст, акнун сарфаҳм меравам... Духтурзанак – Зоя, мешудию бори дигар маро наҷот медодӣ.. Ман намедонам, ки дар ҳаққи ту чӣ некие кунам...
Мани гумроҳ ақаллан касбатро ёд нагирифтам. Баргардӣ, албатта ёд мегирам, ту очаи ман мешавӣ..»
Шабпарҳо рўи деҳа давр мезаданд. Сабо ҳам мисли шабпарҳо рўз хобида буд ва инак ба кўча баромад. Ў банди дастонашро дошта «хароб шудаам» гуфт. Пўсту устухон будани танашро акнун донист. Вале мисли ҳарвақта ҷисми лоғараш ланҷ, вазнин не, балки сабук, чолок менамуд. Фикраш ҳам равшан, тоза ва тез буд.
Харобию фарбеҳиро, ки барояш аҳамияте надошт, зуд фаромўш карда, гурбавор ҷаҳида сари девор баромад ва парида даруни ҳавлӣ гузашт: «Ин ҳавлии Мавлон-амак. Ҷанг рафта буд, омада бошад ё не? Назди занаш равам. Гўям, ки ман ба шумо ёрӣ медиҳам, ҳама коратонро мекунам, ҳамин ҷо гардам. Не, – пушти дарахти тут пинҳон шуда гуфт ба худ – не, набояд маро касе бинад. Маро чустуҷў мекунанд, ёбанд, боз назди вай (модарандар) мебаранд...
Бигузор ман расвои олам шавам, вале назди ў барнамегардам, барнамегардам. Ҷанг бошад – ҷанг...»
Сабо шарфаи пое ва ё садоеро шунид, ки дам ба дарун гирифта гўшбақимор шуд. Баъд барои он ки дамаш нагардад, нафаси дароз бароварда худро озод ҳис кард ва айнан мисли гурбаи саҳроӣ пояшро оҳиста бардошта як қадам пеш монд. Ҳоло фасли хазон нарасидааст, пояш шарфае набаровард, баъд ў қадами дигар гузошт ва ҳамин тавр то назди хонаи ин ҳавлӣ рафт. Дар хона чароғу оташе набуд, садое ҳам намеомад. Духтарак боз пештар рафт. Ҷуръат карда рўи марза баромад, зери айвои рафт. Хона ором мисли мазор буд ва бесоҳиб мисли хонақо. Дари хона қуфл дошт, дари ошхона занҷир буд. Сабо токчаҳои айвонро аз назар гузаронд. Холӣ буданд. Шировезҳоро бар рави кафтаршини айвон баргардонда партофта буданд. Дар торикӣ он қадар сарфаҳм нарафт, ки ин ҷо чӣ дошт, лекин ба хонаю дари ҳавлии худашон монанд: бесоҳиб, бекас. Пас ў лонаҳои шохҳои урёни дарахтонро пеши назар овард, ки тирамоҳон паррандаҳо рафта, андаруни он лонаҳо ду-се барг хазони ба худ печида ҷо шуда бошанд. «Ҳозир меоянд» гўё касе оҳиста ба гўши ў гуфт ва духтарак зуд аз айвон фаромада боз ба боғ гузашт. Вале дур нарафт, паси сангдевори гашта, ки саҳни хурди ҳавлиро аз боғ ҷудо мекард, пинҳон шуд.
Чунон паси сангдевор ҷой шуда нигарон истод, ки дузди гузаро дастгир мекарда бошад... Вале дидбонӣ ба дилаш зад, гурусна ҳам монд. Гардан ёзонда ба пасу пеш нигарист. Касеро ё чизеро надида пайкари харобу адояшро бардошта хест. Аз дарвоза баромаданӣ шуда, аз паҳлўи хона гузашт.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан