Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 299 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 299 аз 470 · 3 ноябри 2026

Хобаш парид. Сахт тарсид. Ҳай нишаст.
Сапедае аз субҳ набуд. Садои оби шовахонаро боди сабо пасту баланд меовард...
Сабо ба понздаҳ қадам монда, чунин шабро бори аввал дид:
шаб равшан, ҳаво соф, фазо пурситора. Моҳ дар миёнаи осмон, қади роҳи Каҳкашон пур аз коҳи пошхўрда, деҳа ором, дар хоб, оби шовахона алла мегўяд. Вале сари дили духтарак пур шуда омадааст. Кафам – кафам дорад...

3

«— Баччаи ман мурд, чаро ту намемурӣ?»
«— Очаи ман мурд, чаро ту намемурӣ?»
Сарманшаи модарандарро ёд овард Сабо ва кадом лаҳзаи ногувори рўзгори модарандариро дар ин субҳи сабо пеши назар оварданӣ буд, ки ҳамсоя пешхезӣ карда, хотири ўро пароканд:
«— Пеши киллаат рафтӣ, сер кард?»
«— Килла аз килла фарқ дорад, ту барин мулўҳ не!» – садои мард омад ва ба сари занак ҳамла кард.
«— Худобехабар, мекушӣ-чӣ?! Куш, якбора куш, баъд рафта миёни чатани киллаат шин!».
«— Гап як бор мешавад, лаънатӣ! Як бор!»
...Сабо боз аз нўкчўбӣ ҳамоил шуда фаромад ва сўи дарвозаи онҳо шитофт. Ў фаромўш кард, ки аз чашми мардум худро дур доштанӣ буд. Аллакай дари дарвоза пур аз тамошобин. Сабо пинҳонӣ, ваҳму ҳаросро фаромўш карда ба онҳо диққат дод, вале пеш нарафт.
«— Дар ин ҳавлӣ маймун наомадааст, равед!» - наъра зада дарвозаро пўшид мардак. Вале одамон дур нашуда, дар тангкўча истоданд ва байни худ гўшакию фучукуч кардан гирифтанд. Сабо баргашта аз буни девор поид... Хеле поид. Ва чун субҳдам ҳамсояҳо аз назди дарвозаи Ёрбой дур шуданд, ў боз аз сари девор ба ҳавлиашон даромад. Дари хона қуфл буд, ошхона қуфл буд, дари анбори пушти ошхона ҳам қуфл буд. Дари оғил кушода ва ягона ҷое, ки бояд духтарак интихоб кунад, зери айвон ва ё дарвозахона буд. Ў аввал оғил даромад, як ҷуволи лах-лаха, як лаб намади коза ва як чакмани беостинро ёфта, бароварда рўи саҳни ҳавлӣ афшонд ва зери айвон бурда ҷой орост, то қусури бехобии шабонаро бароварад. Чунон дуру дароз хоб рафт, ки пеш аз шом бедор шуд. Ба назараш, шаби дароз хоб рафта, баъди баромадани офтоб бедор шуда бошад, Боз каме дам гирифтанӣ шуда аз ҷой наҷунбид ва дид, ки фазо тира мешавад.
«Хонаи Зоя, – ба хоначаи ҷудои тарафи офтоббарои ҳавлӣ нигоҳ карда гуфт Сабо, – Зоя он ҷо менишаст. Он вақт духтарча надошт.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан