Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 298 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 298 аз 470 · 3 ноябри 2026

Ба назари Сабо, ки модагов ба ў ҳасратолуд ва меҳрубон нигоҳ мекунад. Ў пой аз охур кашол карда, фаромада назди гов рафтанӣ шуд. Хост қусури гуруснагӣ аз пистони гов барорад. Аз охур фаромад. Оҳиста-оҳиста назди гов рафт, то вай хўсида, бонг зада, соҳибонашро хабардор накунад. Чун Сабо наздик омад, гов «ҳум-ҳум» карда аз ў чизеро дарталаб шуд.
Духтарак зуд як қабза алаф гирифта наздаш андохт. Гов забон зада алафро фурў кашид. Вале Сабо ҳаросида ҷониби айвон нигарист. Занак сар аз сари зону бардошт ва боз баргузошта, хоб рафт. Пас, Сабо ҳама ҷоро ором дида паҳлўи гов дароз кашид ва даст ба танаи вай расонда хорумол кард. Гов як майли хестан кард, вале боз хушаш наомад. Духтарак даст ба пистони гов бурда як-ду сардўш кард. Баъд наздиктар лағҷида дораи онро ба даҳон гирифт. Ва саросема макид. Гов, аз афташ, даҳони бегона ва тарзи ноҷои макишро пай бурд, ки «ҳум» гуфта шох зад. Сабо зуд сар бардошта ба пас нигарист ва боз хам шуда дораи дигарро ҳам макид. Вале ду дораи дигар дар зери пистон монда буданд, ки даҳони Сабо ба онҳо намерасид. Ў сер шуд. Вале ҳавое, ки то ин дам дар меъдаи холиаш ҷо шуда буд, ғарора овард, дилаш беҷо шуд. Метарсид аз ғарора, то сирр фош накунад. Яке оруғ дода андаке дуруст шуд. Арақ кард. Шири гарм беморон барин лоҳазаш кард. Ба умеди рўз оҳиста-оҳиста сўи дарвоза рафт, даричаро бесадо кушода берун шуд. Бештар аз ҳама садои шовахонаи осиёб диққати ўро ҷалб кард. Бегоҳ шова буд, ҳоло ҳам шова. «Наход ки осиёб бор надошта бошад?.. Вайрон будагист?» ба худ савол дод ў ва назди деворе омад, ки бегоҳ аз он ҷо ба ҳавлиашон даромада буд. Дасту пои ў меларзид. Ба назараш аз гирду атроф чашмҳои зиёде ба ў нигоҳ мекарданд: «Ана-ана, дузд ана» мегуфтанд. Ў даст боло карда, аз сари девор дошта гузаштанӣ буд, кафи пояш сих зада рафт ва дастонаш бемадор гаштанд. «Шири гарм маро лакот кард» бемадориашро чунин пиндошт ў, баъд буни девор нишаст, то ларзиши дасту пояш бозмонад. Дар ҳақиқат шири гарм ўро лакот кард, хоб овард. Бархест, то илоҷе карда, худро аз девор дарун гирад. Боз ба девор рост шуд. Гўё ин ҳама корҳо дар хоб бошанд, ин дафъа сабук ба девор часпида баромад ва ба ҳавлӣ гузашта базўр то зери айвон рафт. Мастона, калавидакалавида рафт ва рўи замини қоқ дароз кашид. Дароз кашиду хобаш бурд. Хоб дид: «Гови ҳамсоя ба ҳавлии онҳо даромада алафи юнучқаашонро хўрд. Сабо ҷуръат накард, ки онро зада аз дарвоза барорад. Қарздор барин нигоҳ карда истод, ки хўрадхўраду сер шуда баромада равад. Вале гўсолаи он пеши назари ў шох бароварда ба сўи Сабо ҳамлавар шуд ва миёни шохҳояш гирифта ўро ба девор пахш карда истод».
Ў ҳаросида бедор шуд. Баданаш вазнин буд, нафасаш мегашт.
Парида хеста ба банди дилаш туф-туф кард ва гўё косаи шир аз дасташ меафтида бошад, бо эҳтиёт қадам монда сўи дарвозахона рафт ва рўи бом баромад.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан