Мардак назди дарвоза истода рўй сўи духтарак гардонд. Сабо даст ба даҳон бурда пахш кард, ки дод назанад. Чашмонашро нимкоф кард: мабод, ки мисли чашми гурба барқ зада сирри ўро фош кунад...
Мардак ғур-ғуркунон чизе гуфт. Даричаро сахт пўшид ва сўи духтарак қадам зад. Сабо дам ба дарун гирифт. Садои тапиши дилаш ба саисхона паҳн шуд. Ў нафас ба дарун гирифта тапиши дилашро боздоштанӣ шуд, вале натавонист. Мардак сурфид.
Сурфаи ў садои дук-дуки дили ўро пахш кард. «А-а-а?» дар дили духтарак ғулғула кард ин садо. Аммо ин ғулғуларо Сабо не, мардак боздошт: чизе ба хотираш омада бозистод ва баргашт. Даричаро кушода баромад. Ба занаш ситеза карда даричаро сахт пўшид ва пушти девори саисхонаро қадам зада гузашт.
Сабо ҳар қадар ҳавое, ки дарун гирифта, дар шуш ва сари дил дошта меистод, берун пуф карда, оҳи сабук кашид. Баъд боҳаловат даруни охур дароз хобид. Андаке дуртар модагов ҳам хоб рафта фашшос зад. Духтарак парида хест. Сўи айвон ва дарвоза нигоҳ кард. Кадбону аз рўи сандалии дар гўшаи рости айвон гузошта кўрпа гирифта, ҷогаҳ андохт. Ў лаби ҷогаҳ нишаст. Шишт-шишту бархоста аз марза фаромада, ҷониби дарвоза омад. Даричаро кушода беруни дарвозаро хабар гирифт ва боз пўшида ғур-ғуркунон ҷониби саисхона омад.
Духтарак даруни охур руст шуд. «Маро бинад, ҳеҷ гапе не, лекин аҷина гумон карда талхакаф нашавад» аз дил гузаронид ў ва худ ба худ гап задани занакро шунид: «Пеши киллааш рафт...
Ҳамту, ки бошад, дигар набиё, рав, дафъ шуда рав! Вай, ки ширин бошад... Мур, мард нашуда мур, ки баҳона хўрок шавад... Ҳамин худоноумедҳоро ба ҷанг мегирифтанд, ки чашмошон кушода мешуд...» Занак хам шуда аз паҳлўи посутун як қабза алаф гирифта пеши гов партофт. Боз ғур-ғуркунон рафт. Ба назари Сабо ў сахт аламзада аст.
Модагов нозгунҷӣ кард ва вазни гаронашро бардошта хестан малол буд, ки наҷунбида фаш-фаш алафро хўрдан гирифт...
Як пои Сабо ба чизи нарме расид. Дароз шуда хабар гирифт.
Кўҳнаполоне буд. Пеш кашида зери сар гузошт ва хоб рафт. Хобаш бурд... Бонги хурўс ўро бедор кард. Оҳиста сар бардошта ба айвон нигарист. Занак сар ба сари зону гузошта ва зонуҳояшро оғўш карда менишаст. Духтарак ин ҳолати ўро дида вақтро муайян карда натавонист. Осмон ҳам наменамуд, ки аз рўи «Парвин»
вақтро тахмин кунад. Дилаш заъф зада, сар ба дард омада буд.
Ҳама ҷо ором, хомўш. Модагов ҳам алафро хўрда тамом кардааст ва дароз-дароз нафас мегирад. Ва баъзан аламзадаҳо барин оҳи сард мекашад.





