Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 296 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 296 аз 470 · 3 ноябри 2026

Чун офтоб аз чашми ў ғоиб шуда рўи деҳаро як пардаи нимҳол фаро гирифт ва чодари нилуии осмон сиёҳтоб шуд, дили ўро воҳима паҳш мекард. Мурғи тухмқавакарда барин ҷой мекофт...
Ў чапғалат зада бо тангкўчаҳои дигар ба ҳавлӣ омад. То дами дарвоза расид, вале ҷуръати даромадан накарда баргашт. Ба дарвозаи ҳамсоя омада даричаи онро нимроғ кушода нигарист. Соҳибаи хона аз дег чизеро ба табақ мебардошт. Занак табақи чўбро бардошта, бурда назди шавҳар гузошт. Мардак ба табақ чумча андохта кофт ва он ҷо чизи дилхоҳ наёфт, ки чумчаро ба лаби табақ партофт. Садои чумча иштиҳои Саборо овард. Ў лаб лесид.
Боз даричаро калонтар кушод. Аз пас шарфаи пое баромад ва Сабо худро даруни дарвоза гирифт. Даричаро пўшида, пушт бар он такя гузошт. Вале чашм аз соҳибаи хона наканд.
Шарфаи пой ба дарвоза наздик шуд. Сабо ҳаросида тахтапушт аз дарвоза баргирифт, то раҳгузар озод гузашта равад. Шарфаи пой гузаро шуд. Сабо оҳи сабук кашид. Вале ба назараш бадани лоғари ў вазнин шуд. Сабо, ки ҷои рафти муайяне надошт, пушт ба девор соида оҳиста-оҳиста сўи саисхона рафт. Ногоҳ пояш ба мундаи холии бехи девор расид ва он ғелида ба сутун бархўрд.
«Ҳў, кадомӣ?» аз зери айвон фарёд зад соҳибаи хона.
Сабо ҳаросида сурати девор шуд. Гумон кард, ки ҳозир омада ўро дастгир мекунанд. Сўи дарвоза нигарист, то гурезад. Вале нигарон истод, ки соҳибон боз чӣ нидое мекунанд. Паҳлўтар рафта дар охури гов ҷо шуд. Баъд аз он ҷо чашм сўи айвон дўхт:
«— Хайр, чӣ кор кунам? Ба ғайр аз пиёзоба чизи дигар намешуд!» – қаҳру арози шавҳарро дида гуфт занак.
«— Ёфтӣ пиёзоба, ёфтӣ пиёзоба, даруни маро равған гирифтааст?» – ғазаб кард мардак.
«— Чӣ, овардию ман накардам? Аз рўи будаш!».
«— Бардор, ғундор, намехўрам!» – лаби дастархонро ба шаст чаппа гардонд мардак.
«— Нахўрӣ, нахўр! Ман гўшти ронама бурида ба дег намеандозам, ки ту хўрӣ... Додом селпо не, ки...».
Занак ба ошхона даромад.
Чашмони Сабо сари охур милт-милт мекард. Ў луоби даҳонашро базўр фурў мебурд.
Сабо ин мардакро медонист. Пеш аз ҷанг ягон хўроки пухтаи занаш ба вай нафорад, аз лаби табақ гирифта ҳаво медод ва зуъм карда шаби дароз гушна мехобид. Вале ҳоло андак аз ҷаҳл фаромада, лаби дастархонро чаппа карду монд.
Сабо то ин дам, шояд аз кўфти роҳ бошад, гуруснагиро ҳис накарда буд. Вале ҳоло заъфи меъда рафъ карда наметавонист.
Аммо пуршаст бархеста сўи дарвоза омадани мардак заъфи ўро бартараф кард. Дасту пои духтарак ба ларза даромад. «Маро дида ояд» аз дил гузаронд ў ва нафаси дароз кашида, шуш пур аз ҳаво карда, тайёр шуда истод, то баробари наздик шудани мардак фарёд занад.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан